Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

дилаш значоки Ленинро дидам илова намуд.— Мешиносӣ? Ин Ленин. Ба мактаби нав даромада хонӣ, ба ту ҳам якта ёфта медиҳам.

Ман ки значоки расми Ленинро нахустин бор дидам, тайёр будам, ки аз баҳри мактаби кӯҳна ҳамин дам гузараму нағз хонам ва соҳиби чунин значок шавам.

Вақте ки гуфтаҳои Ҳоҷӣ Юсуфро ба падарам расондам, оҳ кашид.
— Гапи Ҳоҷӣ дуруст. Қошкӣ ҳама вай барин мебуданд.

Падарам мегуфт, ки ӯ Абуалии замон аст. Боре аз бинии як хешбачаи мо пай дар пай хун омада, ӯро ба вартаи ҳалокат наздик меорад. Падарам бачаро ба назди Ҳоҷӣ Юсуф мебарад. Ӯ мефармояд, ки як оҳанпора ёфта, то ба ҳадди сурх шудан тасфонанд. Бачаро, ки хун аз бинӣ мечакид, ҳакими ҳозиқ мефармояд, ки хунро танҳо ба оҳанпора резонанд ва як қабза алафи хушкро аз хона бароварда ба рӯи оҳанпора мепартояд. Дуди алаф бо дуди хун омехта, боз ба бинии бача меравад ва баъди се бор такрор ёфтани ин кор хун ба куллӣ меистад.

Ӯ аз шираи дарахтони анҷир, анор, асал, ҳалила, ҳил-ҳил ва занҷабил гулкандҳое тайёр мекарду ба беморони гуногун мехӯронд, ки шифо меёфтанд. Мегӯянд, ки терапевти ҳамонвақтаи беморхонаи шаҳр ба ӯ доруҳо оварда, аз гиёҳҳои гуногун тайёр кардани дорувориро аз вай ёд мегирифтааст. Ӯ тибби кӯҳнаро бо таҷриба ва амалиёти табибони рус ба ҳам пайваста буд.
— Одамон гӯри худро бо дандонашон мекованд, хӯрокхӯрӣ, хоидани хӯрокро намедонанд. Ҳамаи доруҳо аз неъматанд. Аммо онҳоро дору нашудан пеш хӯрдан муфидтар аст,— мегуфт ӯ.

Ҳам дар маъхазҳо нишон дода мешуд ва ҳам наздикону хешу таборони Ҳоҷӣ Юсуф мегуфтанд, ки ӯ оид ба илми фалакиёту нуҷум китобе навишта буд. Вале касе намедонист, ки вай дар куҷост. Се сол муқаддам вақте дар Душанбе будаму меҳмони духтари Ҳоҷӣ Юсуф — Шарафнисо шудам, ки дар кӯчаи Шараф истиқомат дорад, ӯ ҳам гуфт, ки падарам китоб навишта буданд.

пешина
аз 447
навбатӣ