Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

ҳавлии Ҳоҷӣ Юсуф бо хатти хуш чунин рубоие канда шудааст, ки худи Ҳоҷӣ онро гуфтааст:

Гашта масдуд дар тафаккури нутқ
Баҳри таърихи ин мусаввир боб.
Ҷустам аз ақл, ин сабаб бар гуфт:
Фатҳ кун ё муфаттихул аббоб.

Дари ӯ то инқилоб ҳам ба ҳамаи аҳли илму фан кушода буд. Мегуфтанд, ки соле як бор бедилшиносон ва пайравони Бедил дар ин ҷо ҷамъ меомаданд ва гӯё мавзӯи мунозираҳошон эҷодиёти Абдуқодири Бедил буду бас. Вале одамони бохабар аз ҳақиқати ҳол мегӯянд, ки хонаи ӯ як навъ Академияи олимони тоҷик ва ӯзбек буд, ки мавзӯи баҳсашон на илми илоҳӣ, балки дунъявӣ буд.

Ҳоҷӣ Юсуф, ки ҳанӯз пеш аз Революцияи Октябр дар кашидани нақшаи обёрии ҳавзаи Сир мадад кард, дар солҳои Ҳокимияти Советӣ барои амалиёти худ дар ин бобат ҷавлонгоҳи калоне ёфт. Ӯ дар органҳои хоҷагии қишлоқи туман мироби калон, муҳандиси об шуда хизмат мекард. Ӯ буд, ки якумин шуда боису марҳалаҳои дамидани дарёи Сир ва сои Хоҷабоқиргонро омӯхта, системаи нави обёриро ҷорӣ намуд ва пеши обхезиҳоро гирифта, дарготсозиҳо кард.

Аз ёдам намеравад. Дар даромадгоҳи чақари мо дар ҷӯи Мазори шаҳр ӯ дарготе месозонд, ки қариб як ҳафта давом кард. Борс аз мактаби Валихон, ки ба ин даргот наздик буд, баромада меомадам, ки пеши роҳамро ӯ гирифт:

— Ту писари кистӣ? — пурсид.
— Писари Абдуҷалили кафшдӯз.
— Маро мешиносӣ? — боз пурсид вай.
— Ҳа, мешиносам.
— Кистам?
— Мулло Ҳоҷӣ Юсуф, — гуфтам муллоро аз худам ҳамроҳ намуда ва ба косиби бечора қариб як линга харбузаро гирифта доданаш ба ёдам омад.

— Муллояшро он тараф мон, — лабханди базебе кард ӯ. — Ба дадоят гӯй, ки амаки Ҳоҷӣ Юсуфамро дидам. Аз мактаби кӯҳна баромадани маро дида, афсӯс хӯрданду айб карданд. Ба мактаби нав рав. Бесаводу бебаҳра мондани худи падарат ба ҳафт пушти оянда мерасад, — гуфт ӯ ва чун дид, ки ман дар сандуқи

пешина
аз 447
навбатӣ