Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
— Шуморо мо барои чӣ ба ин ҷо даъват намудем, оё медонед? — пурсид вай ҷои нишаст нишон дода. — Надонед, бидонед. Мирзобаходур оқсаққол ҳамчун касе ки аз ӯҳдаи иҷрои вазифа набаромад ва ба мардуми нодони Хуҷанд фармони аълоҳазрат будани фармони барои корҳои ақибгоҳ сафарбаркунии одамонро фаҳмонда натавонист, аз кор гирифта шуд. Дар сояи ин воқеаи нанговар балвои осиён ба вуқӯъ омада, сари на фақат амалдорон, балки обрӯмандони шаҳрҳо ҳам хароб кард. Мо ба ин мартаба, яъне мартабаи оқсаққолӣ шуморо пешбарӣ намудем. Шарафмандӣ насиби шумо шуд. Бо ин амал муборакбод мекунам. Волоҳазрат генерал-губернатор шуморо ба ҳамин мартаба муносиб ёфтанд.
Ӯ даст ба сӯи Ҳоҷӣ Юсуф дароз кард. Вай маҷбур шуд бархезад ва таъзим кунад.
— Волоҳазрат боварӣ изҳор намуданд, ки шумо чун шахси дар байни аҳолӣ обрӯманд бо мадади фуқарои содиқ ҳар кореро, ки ба зиммаатон мефарояд, алалхусус сафарбариро бошарафона ба ҷо меоваред. Ба осиён заррае раҳм намекунед. Ҳуқуқи шуморо ман зиёдтар мекунам.
— Лекин таассуф, ҷаноб, ки ман ягон бор ҳатто амин ё элликбошӣ нашудаам.
— Ҳеҷ таассуф шуда наметавонад, — ба қиёфаи худ ҷиддият дода, айнак ба чашм гузошт Рубах, — фармони губернатор бетағйир мемонад.
— Охир ман...
— Дигар хел ҳам шудани ин масъала мумкин нест, сухан тамом.
Маънии ин ба ту ҷавоб буд. Ҳоҷӣ ночор бо гардани хор-хорон аз он ҷо баромад. Ӯро ғами сахтузор расидан, озурдан, ҷабр намудан ба мардумоне ки чун олим, табиб, маслиҳатгари беғараз эҳтиромаш мекарданд, мисли кӯҳ зер карда буд. Ӯ медонист, ки
Чу ранҷонидани дил ҳаст осон,
Ба даст оварданаш набвад бад-он сон.
Доғи оқсаққолии маҷбурии ба бахти олим тӯл накашидаро ӯ дар замони советӣ тоза намуд. Аввалин шуда тамоми ҳуҷраҳои ҳавлии беруни худро барои кушодани мактаби советӣ тақдим кард. Дар болои дари

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё