Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
Пристав беихтиёр чолокона аз ҷой бархоста, аз қафои миз баромад ва ба сари қура омад. Хост ба он даст кофта бинад, вале зуд аз ин фикр баргашту курсиро оҳиста гирифта, ба миёнаи кабинет гузошт ва гирдогирдаш монандӣ аспи ҷувоз дар гирди купда, чарх задан гирифт. Ин дам ба ёдаш чизе расиду ба сари столаш омада аз ғалладон пурбинро берун оварда, навиштаҷотро калон карда дид ва ниҳоят рӯй ба олим овард:
— Худи ҷанобатон сохтед?
— Худам, ҷаноб.
— Исбот кард, ки...— Ӯ мехост гӯяд, ки маҳаллиён ҳам олимон доранд, вале сухан кушоданро аз мунозираи дашти Ҷиззах ё аз рӯи маслиҳат надонист ва ё гумон кард, ки олими чунин як глобуси аҷибро эҷод намуда, суханҳоеро ҳам дар сар пазонда омадааст, ки ҷароҳаташон аз ҷароҳати зарби шамшер қоритар анд.— Агар рухсати шумо шавад, ман инро ба генерал-губернатор хоҳам фиристод. Бинанд, ки дар байни раияти ин ҷо чӣ одамони пурдон ҳастанд!
— Магар чунин чизи ноарзандаеро манзури назари кимиёсари волоҳазрат намудан аз рӯи одоб бошад?
— Шумо ҷаноб, ин эҷоди пуркиматро ноарзанда нашуморед, ангушти шаҳодатро бодбезвор ба ду тараф ҷунбонд пристав.— Ба андешаи ман, хурсанд мешаванд. Оё шумо инро ба ман бовар карда монда меравед?
— Ба ҷонам, ҷаноби пристав. Ба касе ки чунин кори муҳими давлатро бовар кардаанд...
Муддате аз миён гузашт ва олимро аввал генерал-губернатори Туркистон ва баъд худи аълоҳазрат императори Россия — подшоҳ дар пойтахт қабул намуд ва аз рӯи тавсияи олимони ҷуғрофияи рус ба камзӯли ӯ медалро бо дасти худ овехт ва хилъат дод.
Вале ин исботи пурдонӣ, нотарсӣ ва забондонӣ Ҳоҷӣ Юсуфро ба ҳукуматдорони чӣ маҳаллӣ ва чӣ кишвар хубтар шиносонд ва аз ӯ истифода кардагӣ шуданд. Тахмини Содирхони Ҳофиз дуруст баромад.
Рӯзе ӯро ба кабинети сардори уезд даъват карданд. Ин баъди паҳш карда шудани шӯрише, ки хуҷандиён бар зидди мутлақияти подшоҳӣ бардоштанду сабабаш мардикоргирӣ буд, ба амал пайваст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё