Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
— Чунин мағруриро агар ҷаноби шумо, Ҳоҷӣ Юсуф, бо ягон асари илмии худ поядор мекардед, ба қавли худи шумо «ҳам савоб мебуду ҳам хурмо».
— Худо хоҳад, исбот хоҳем кард.
— Ба худо илтиҷо мекунам, ки моро ба ҳамон рӯзи садӣ бирасонад, — пичинг партофта рафт пристав.
Ҳоҷӣ Юсуф баъди ин қариб як моҳи тамоми дар кӯчаю маъракаҳо нанамуда монд. Яке овоза мекард, ки ӯ кимиёгарӣ мекунаду аз мис тилло месозад. Дигаре мегуфт, ки ӯ шабу рӯз «Алқонун»-и Абуалӣ Синоро мехонаду оби ҳаёт тайёр мекунад, ки хӯрда умри Нӯҳ ва Ҳизрро бинад. Лекин Ҳоҷӣ Юсуф машғули сохтани кураи арз буд.
Дар музеи таъриху маданияти халқҳои Узбекистон дар Самарқанд курае нигоҳ дошта мешавад, ки аз нуқтаи назари география, картография, астрономия, терминология олимон онро дорои қимати илмӣ ва амалӣ мешуморанд. Дар ин кура ба ҷуз шабонарӯз ва фаслҳои сол ҳаракати дувоздаҳ бурҷи замин инъикос шудааст, ки ховариён аз рӯи ин ҳаракат мучал ва соли таваллудро сабту қайд менамуданд. Дар ин глобус қариб ҳазор номи нуҷумию ҷуғрофӣ навишта шудааст. Ин кураи нодирро олим дар ҷавоби таҳқири амалдор тайёр карда буд.
Дари кабинети пристав кӯфта шуд. Ӯ саросема коғазҳои рӯи столашро чаппагардон карда гузошту «дароед» гуфт. Дар кушода шуду пристав Ҳоҷиро дар остонаи он дид.
— Агар рухсат бошад, ба наздашон дароям.
— Марҳамат фармоед, ҷаноб, — пристав ҳанӯз аз ҷой начунбида менишасту ба назари Ҳоҷӣ Юсуф писханд мезад.
— Аз илтифоти ҷаноб сарбаланду мамнунам, — пристав дар оҳанги сухани Ҳоҷӣ ҳам тамасхурро дарьёфт. — Ман ба хизмати ҷаноби шумо чизе бардошта омадам.
Ҳоҷӣ Юсуф инро гуфту аз долон як чизи рӯмолпечро гирифта даромад ва онро рӯи курсӣ ниҳода, бо амалдор вохӯрӣ кард.
— Ман глобус сохтаам, — Ҳоҷӣ аз рӯи кура, ки бо пояаш қариб ним газ баландии дошт ва хатту навиштаҷоти рӯяш медурахшид, рӯмолро бардошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё