Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
Россия, мунаҷҷимони номӣ ба Ҷиззах меоянд ва дар як ҷои кушод хайма мезананд.
Ҳоҷӣ Юсуфи огоҳи воқеа ҳам ба он ҷо меравад.
Дар айни ҳангоми кусуф чун мунаҷҷимон мушоҳидаву муоинаи худро давом медиҳанд, аз деҳоти атроф садои лагану лаълизаинҳо ва фарзёду нолаи мардум ба гӯши олимон мерасад. Мепурсанд, ки ин чист. Сардори пристави Хуҷанд Арцешевский дар ҷавоб даҳон ба таънаи мардуми маҳаллӣ мекушояд.
— Ҷаҳолат, ҷаҳолат! Ҷоҳилон сатилу лаган зада, офтобро аз сӯхта хокистар шудан боздоштанианд. Гӯё офтоб, ҷанобон, маро авф мефармоед, аз гуноҳи гунаҳгорони замин шарм карда месӯхтааст. Ана ҳамин мардум мегӯянд, ки фарзандони моро ба мактабҳои русӣ маҳаллӣ ва гимназияҳо қабул кунед, ки мо ҳам одашему савдогаронашон мегӯянд, ки бояд савдои Туркистон дар дасти савдогарони худи он бошад...
— Аз илми пучум, ҷаноби Арцешевский, олимони аксар мамолики Шарқ пештару бештар аз Ғарб, яъне Аврупо бохабар буданд, — гуфт Ҳоҷӣ Юсуф, оромона, — Ҳанӯз Абурайҳони Берунӣ ва Хайём асрҳои аср пеш медонистанд, ки кадом сайёра кай ба куҷо меояд ва кадом дақиқаи кадом рӯзи сол кусуфи офтоб ё моҳ рӯй медиҳад. Оё ба ҷаноби шумо маълум нест, ки як бобокалони фуқарои ҷоҳили шумо — Абумаҳмуди хуҷандӣ зовиясанҷе сохта буд, ки онро дар расадхонаҳои қадимии Миср, Бағдод, Ҳиндустон ва Туркистони мо истифода менамуданд?
Дандони амалдор ғиҷиррос зад. Вале ӯ худро ба даст гирифту хомӯш монд. Лекин Ҳоҷӣ Юсуф ҳамларо зӯртар мекард.
— Ҷаноби Арцешевский оё боиси малоли хотири маотири шумо намегардад як рубоии Хайёмро ба ҷанобатон тарҷума кунам:
Говест дар осмону номаш Парвин,
Гови дигаре нуҳуфта дар зери замин.
Чашми хирадат кушой, эй аҳли яқин,
Зеру забари ду гов мушти ҳар бин.
Дар эътиқоди ҷаҳл осмонро ситораи Парвин ва заминро гов нигоҳ медорад. Ҳар кас ба ин бовар кунад, хар аст, мегӯяд Хайём. Бадбахтона, ҷаноб, аз ҷаҳону замон бехабаронро ҳамаи халқҳо доранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё