Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ТаърихАдабиётҚисса
Аз аввал хондан

дилу гурдаат ҳанӯз дар овони дувоздаҳсолагӣ ту чӣ тавр ба ҳаҷ рафтӣ?
— Мардонагию девонагӣ байни худ аз замин то осмон фарқ дорад. Ту девонагӣ карда истодай. Бархез, ки аз ин дӯкон дуртар бошем. Оё ягон нафари онҳое ки соат фурӯхтанд, туро намешиносад?
— Намешиносад. Ман аз ин наздикиҳо нахаридаам.
— Охир ин суммоти туро ҳазор-ҳазор одамоне ки аз пеши дӯконат мегузаранд, дидаанд.
— Гови ало ҳам якто нею одами чӯтур ҳам,— боз бедардонаву бебокона хандид шоир.— Ту натарс. Ман бо харидор гапро пазонда мондаам. Мераваму пул аз они ман, дӯкон аз oni вай мешавад. Аз саҳари пагоҳ дер намонда, ба роҳ медароем.
Ҳамин тавр ҳам карданд. Ба корвоне ҳамроҳ шуда, то Оренбург савораи аспу ароба ва аз он ҷо поездсавор, аввал ба Москва, аз он ҷо ба Одесса рафта, ба восираи Истамбул ба Сурия, аз он ҷо ба Макка ва Мадина, аз он ҷо ба Юнон, Италия, Испания, Франция ва дигар шаҳрҳои Аврупою Африка рафта ин дафъа ба восираи Эрон бармегарданд. Дар тамоми ин сафар Абдуллои Файёз соатсозиашро давом медиҳаду Ҳоҷӣ Юсуф мардикорӣ ва ҳаммолӣ мекунад.
— Ин сафар барои ҳар ду ҳам басе муфид буд.
Онҳо дар байни мардумони хеле бомаданияту маърифат шуданд. Музейҳо, китобхонаҳоро диданд. Ба театрҳо даромада, аз санъат бохабар шуданд. Аз илми тиб баҳравар гардиданд. Ҳоҷӣ Юсуф ин бор ба шаҳри худ табиби ҳозик, сайёҳи ҷаҳондида, хаттот, рассом, географ, тарҷимони басе забонҳо ва таърихнавис шуда баргашт. Ӯ китобҳои гузаштагони миллати худро хонда, аз баландии маданияти он замоне ва таназзули вай огоҳ шуда, дилаш месӯхт. Ӯ акнун медонист, ки як калимаи зидди дину оин ва як сухани бебоконаи муқобили бониёни вай ҳолашро табоҳ карда метавонад ва роҳи аз ҷаҳолату бемаданиятӣ наҷотёбии миллати худро дар хонондани фарзандони вай медид.
Тахминан сад сол муқаддам кусуф, яъне гирифтани офтоб рӯй медиҳад, ки ҷои гирифтани пурраи онро олимони рус дар Ҷиззах муайян мекунанд ва чанд рӯз пеш аз воқеа аъзоёни ҷамъияти императории географии

пешина
аз 447
навбатӣ