Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
— Фақат ду моҳ? — пурсид бо хурсандии кӯдакона усто. — Дар ду моҳ саводнок мекунӣ?
Ин дам чашми падарам ба сурати Ленин афтод, ки ба ҷои сурати аз газета буридашуда аз рӯи як расми ӯ худам бо қаламҳои ранга кашида, дар мобайни ду лолаи поёни сурат бо хатти арабӣ В. И. Ленин — гуфта хушу ноно навишта будам.
— Ин албатта кори шогирдатон будагист? — пурсид ӯ. — Ҳай-ҳай накунед, саҳл вақт нагузашта, дӯкони шуморо ҳам тамошохона мекунад.
— Соле, ки накӯст аз баҳораш пайдо, усто. — Устоҳайдар зарбулмасалро далел овард, — зеҳни худодод. — Усто нафасе тавакқуф намуда зӯр зада, қолибро аз кафшаш кашид. — Боқимахсум, хабаратон ҳаст, набераашро ба шогирдӣ овард. Одами баобрӯ. Аз рӯяш гузашта натавониста ба шогирдӣ қабул кардам. Лекин Махсумзода чунон кунд, тайҳум, ланҷ буд, ки худо нигоҳ дорад! Кун гуфтагиАТОНПО намекунаду накун гӯед, мекунад. Ҳеҷ чиз нашуду рафт. Акнун гап ҳамин, ки маро мехопонӣ? Раҳмат.
Ду моҳи дигар ман бо Устоҳайдар кор кардам. Акнун масолеҳро падаРАМ харида медоду дар дӯконхонаи ӯ медӯхтам. Дар ин муддат таҷриба ва дониши ман дар дӯзандагӣ боз афзуд. Саводи усто ҳам нағз баромад. Рӯзе аз рӯзҳои зимистони қаҳратун, ки бӯи бади ангишти ҳанӯз Сурху беғубор нагашта дӯкончаро пур карда буду сарамонро гаранг, дари яктабақаи дӯкон кушода шуду ҳаш-ҳашкунон як марди аз болои ҷома пӯстини гӯсфандӣ пӯшида даромад ва аз пойгоҳ истода бонг зад:
— Ассалому алайкум! Шодиёнаро бароред, усто!
— Ваалайкум ассалом, Султонбой. ЁфтЕД?
— Ёфтам. Ана худи Хоҷаи Камол ба дӯкони Устоҳайдар ба пои мубораки худ омаданд. — Ӯ китоберо ба усто дод.
Устоҳайдар аз ҷояш бархоста онро гирифт. Муқоваи чармии гулаш кандакоринаморо бӯсид ва ба пешонӣ СОЛИДУ мехост акнун кушояд, мард аз дасти вай рабуд ва саҳифаи аввалро кушода ба таърифи қоғазу ҳусни хатти котиб даромада рафт.
— Хатро бинеду қоғазро! Аз навишта шуданаш ин тараф чанд сол гузашта бошад, намедонам. Лекин қоғази

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё