Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
абрешимин як зайл истодааст, садсӯмии Николайподшоҳ барин шақар-шақар мекунад.
Устоҳайдар бесаброна аз дасти ӯ китобро гирифту дар дил ба ҳиҷҷакунии сатрҳои саҳифаи аввали китоб даромад.
— Муллоён ҳам пичир-пичиру ман ҳам пичир-пичир гуфтагӣ барин, лабҳоятонро меҷунбонед-мӣ? — пурсид меҳмон.
— Ҳонам, чӣ айбу аҷаб?
— Ман бовар намекардам, ки аз кулӯх оташ мепарад. — Қоҳ-қоҳ хандид ва аз гуфтааш пушаймон шуда, илова намуд: — Ин қадар устои гулдасти овозадор босавод ҳам шуда гиред, нуран алонур мешуд.
— Ин гапи дигар, — усто акнун ҷои нишаст ба меҳмон нишон дод ва ҳарчанд бо мушкилию ҳиҷҷа карда бошад ҳам, хонд:
Ифтитоҳи сухан ол беҳ, ки кунанд аҳли камол
Ба санои маликулмулк худои мутаол...
Меҳмон ба гӯши худ, ба овози усто бовар намекард. Ӯ дикка аз ҷой бархоста ба сари вай омада, дурустии ду сатри хондаашро дида, даме чашмонашро калон кушода гоҳ ба китоб, гоҳ ба усто нигоҳ карда якбора баланд хандид.
— Э шумо, усто, қариб буд, ки мани соддаро ба саводнокии худ бовар кунонед. Албатта шумо шунида, ёд кардаед, ки китоби Камол аз ҳамин сар мешавад.
— Хато мекунед. Кадом саҳифаро хоҳед, кушоед. Хайр, шаррос нею ҳозиранги барин ҳиҷҷа карда мехонам, — усто меҳмонро боз зиёдтар ҳайрон кард.
Вале ӯ ҳанӯз, ки боварӣ надошт, саҳифаи дигарро кушод.
— Марҳамат карда ана инро хонед.
Устоҳайдар дар дил мехонд, ки пухта карда баъд ба ӯ хонад. Вале меҳмон то оби чашмаш баромадан механдид.
Ин вақт усто ғолибона ба ӯ нигоҳ карду хонд:
Мо аз лаби ту ком мадидему гузаштем,
Ташна ба лаби чашма расидему гузаштем.
ЯК шаб накашидем туро дар бару ҳар рӯз
Сад ҷавру ҷафо аз ту кашидему гузаштем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё