Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Ва рӯзи буд шудани онҳо падарам баҳонае ёфта омад. Устоҳайдар ӯро мамнунона пешвоз гирифт.
— Аҷаб писаратон ҳаст усто! Худо ба умраш барака диҳад, — таъриф карда маро дар хиҷолат гузошт ӯ.— Аз миён базӯр ду моҳ гузашту ҳунарманди нағз шуд. Ана ин корҳои ӯро гирифта бинеду худатон баҳо диҳед. Даҳ дасти писаратон ҳунар. Аммо як илтимос, хононед. Ӯ китоб мехонаду ман ҳузур мекунам. Ҳар чи ба дастамон афтид, хондему шунидем. Акнун як Ҳоҷакамол мондааст, ки аз вай ба ғайр аз ғазали «Ба чашм, ба чашмаш» чизи дигарро намедонам. Падари раҳматӣ дасттанҳо буданд. Аз ҳаштсолагӣ ба дӯконашон дароварда маро ба ресмонтобӣ андохтанд.
— Шогирдатон ҳам хурдакак ба ман омада дастъёрӣ мекард,— гап ҳуронд падарам.
— Шумо ба ҳар ҳол хонондед. Агар мемонданд, ки хонам, эҳтимол чаласавод намемондам.
— Ҳозир чаро намехопед? Нағзакак саводпок шуда намегиред? Хондан-ку ҳозир аз палавхӯрӣ ҳам осон шуда мондааст? — пурсид падарам.— Ҳамаи бесаводҳои аз гузашта мондагӣ худашонро ба курсҳо мезананд. Худи ҳамин шогирдатон чаро ба шумо муаллим нашавад?
Ин барои Устоҳайдар кашфе буд. Чашмонаш ба таври махсус шарорапошӣ намуданд.
— Дар воқеъ, мани гӯл чаро аз рӯзи нахусти ба шогирдӣ омаданат инро ҳам шарт намондам, ки ба ман ҳар рӯз як соат дарс диҳӣ? — бо афсӯс мегуфт ӯ ба ман нигоҳ карда.
— Хайр, аз ҳозир чаро сар намекунед? — пурсид падарам, кафши ман дӯхтагиро бо завқ тамошокунон.
Устоҳайдар аввал ба ӯ ва баъд ба ман илтиҷоомез нигоҳе кард.
— Охир акнун, ки писаратон аз ин ҷо меравад, барои хонондани ман чӣ хел вақт меёбад? Дар мадраса хонад-мӣ, кафш дӯзад-мӣ, кадом яктоашро кунад?
Ман устои ҳунарманд, софдил, илму ҳунардӯсти худро шод намудам.
— Агар хоҳед, ҳар рӯз дар вақти таъин кардаатон омада, ба шумо дарс медиҳам,— башорат додам ба ӯ.— Тӯғри аз хондану навиштан сар мекунеду тез босавод мешавед. Ягон ду моҳ мехонед халос.

пешина
аз 447
навбатӣ