Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

дастак ба андозаи пошнаи по як пилта кемӯхт медӯхтанд, ки вай ранги зангор дошт ва аз пӯсти хар, аксар аз пӯсти сағрии он махсус тайёр карда мешуд.

Аммо дастаки кафшҳои Устоҳайдар аз чарми по-дош буд, ки косибон падӯш ё чарми урусиаш меноми-ланд. Ин гуна дастак ҳам маҳкаму базеб буду ҳам пошнаи по онро тарошида тез хӯрда наметавонист. Лекин сирри ба чарми рӯи кафш васлкунии чунин дастакро ҳанӯз ҳамаи косибон нафаҳмида буданд ва онҳо чун падари кӯпалдӯзи ман ҳавсалаи фаҳмидани онро ҳам надоштанд.

Дар давоми ду моҳ ҳамаи фармону супориши усто-ро бе каму кос ба ҷо оварда, ба қавле сурфад, лаббай гуфта, дар озодагӣ аз худи вай гузаронда, тамоми сирри силиқдӯзиро кашф кардам. Вале ягон бор акнун «иҷозати шумо шавад, ягон ҷуфт кафшро дӯхта ба шумо нишон диҳам» нагуфтам. Ана ҳамин тамкин ба табиати усто бағоят маъқул шуд, ки боре гуфт:

— Аввал ба усто, дадоят, сопӣ ба муаллимат, ман Тӯрадомуллоро мегӯям, ҳазор раҳмат, ки ба ту як олам одоб ёд додаанд.

Ман дар чеҳраи зард, дар чашмони сиёҳи меҳру-бонона ва дилсӯзонаи ӯ аломати миннатдориро дида-му курта-курта гӯшт гирифтам.

— Ин ҳафта, аз шанбе сар карда, худат ду ҷуфт кафш медӯзӣ,— мужда дод ӯ ба ман.— Лекин шарт ҳамин, ки ёрикор намепурсӣ. Баъди буд карданат ме-гӯям, ки чӣ хел дӯхтай.

Маълум шуд, ки ман дигар ба ёрикор, яъне масли-ҳати ӯ, муҳтоҷ нестам. Рӯзи панҷшанбе чун ду ҷуфт кафшро аз даст бароварда, ба чарми тағаш мум дода, ба локмолӣ маътал карда мондам, ӯ онҳоро якто-якто ба даст гирифта дид. Як ҷуфти онро аз қолиб баро-варда ба зераи сарангушт сахт пахш намуд. Сонӣ ба каф гирифта дастакҳояшонро фишурд ва чун оҳан қат карда сар дод.

— Кафш аз ин хушрӯю маҳкам намешавад. Дастат дардро набинад,— гуфт ӯ.— Акнун ин ҳафта аз масо-леҳи хубтар се ҷуфт медӯзӣ. Яктоаш барои худат по-сира.

Ман аз рӯи таълими падар гапи ӯро нагардонидам. Ҳафтаи оянда аз масолеҳи хуб се ҷуфт кафш дӯхтам

пешина
аз 447
навбатӣ