Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
Дирӯз аз назди дӯкони вай мегузаштам. Дида мондам, ки чанд хел суратҳо ба дару девор овехта мондаанд. Хизмат ба ту, Мулло Абдураҳим, ҳамин буд, — ба анҷоми гуфтугӯ ишора намуд мударрис. — Қиматашро диҳам? Не? Хайр ба ту ҷавоб. Фақат шарт ҳамин, ки суратҳоро ба ягон шахс нишон надода меорӣ.
Ман, агарчанде, ки тохта баъди дарс ба дӯконхонаи падар рафта, мебоист ба кораш кӯмак кунам, роҳамро дигар карда, ба бозор рафтам. Дар дӯкони ягонаи газетатафурӯшии ҷавони хушкадду қомат ва зебои навхат Пӯлодхон Зуҳурӣ, ки дар паҳлӯи ҳаммоми шаҳри кӯҳна, китобхонаи шаҳрии ҳозира воқеъ буд, ба рафҳои китобгузории гирдогирди киоскаи пур аз китобҳои кӯҳнаву нав расмҳои В. И. Ленин, И. В. Сталин, Луначарский ва дигарон бо мехчаҳо зада шуда буданд. Расми соли бисту якӯм гирондаи В. И. Ленин мисли ҳамаи расмҳои дигар дар қоғази хуб чоп нашуда бошад ҳам, хеле равшан буд. Дар ин расм ӯ дар тан пальтои гиребони паҳнаш аз пӯсти қарокӯлӣ ва ба сар ҳам телпаки гӯшпӯшакаш боло карда басташудаи рӯкашаш аз ҳамон пӯст дошт, ки як нӯги бандаки он аз фарқи телпак баръало намоён буд. Дар хотирам намондааст, ки ман ин суратҳо чанд пул дода гирифтам. Барои қат ва ғичим нашуданаш як газетаи «Иштирокиюн»-и ӯзбекиро харида, ба байнаш гузоштам. Баъди ба кӯчаамон даромада, ба мадраса наздик шудан, газетаро ба даруни камзӯл пинҳон намуда, ба ҳузури мударрис ҷавоб гирифта даромадам.
— Офарин, гӯйё парида рафта омадӣ. Бодпо! Канӣ, ин тараф деҳчӣ, — мударрис расмро гирифту аз тиреза аввал ба берун, ба саҳни холӣ аз одами мадраса нигариста чашм ба чеҳраи Ленин дӯхт ва табассум намуд.
— Ба ақлиаш аз чашмонаш ҳам равшан намудор аст, — мударрис суратро аз чашм дуртар бурдаву ба он наздиктар оварда синчакунон илова намуд: — Аҷаб, ки ӯ аз рус дида ба мардуми турку тоҷики худамон монандтар аст. Муҳаммадризо дуруст мегуфтааст, ки душмановаш дар рӯзҳои инқилоб ба вай туҳмат зада ҳатто яҳудӣ нисбаташ додаанд. — Ӯ суратро бо газеташ ба қабати кӯпча монда, ба ман рухсати рафтанро дод.
Муҳаммадризо писари Муллофайзӣ, ҳамсояи девордармиени мо, бархилофи бародараш Муҳаммадамин,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё