Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
ки марди мутаассибе буд, ҳамеша аз одаму олам норизо, босавод, навидӯст ва ҳанӯз пеш аз инқилоб газетаю маҷаллахони аз аҳволи замон бохабар.
Ӯ дар рӯ ба рӯи музеи ҳозираи кишваршиносии шаҳрамон дар таҳти як нора тим дӯкони ранг ва чойфурӯшӣ дошту улфату ҳамсӯҳбатонаш савдогарон буда, аксар вақт, алалхусус дар зимистон се тарафи кодоки сандалин ӯро гирифта менишастанд. Ба назар чунин мерасид, ки ӯ ба фурӯхтани молҳояш он қадар завқ надорад, вале рангҳои хушсифатро бофандагону рангрезони шаҳр фақат аз ӯ меёфтанд ва гоҳо мешуд, ки харидорон ба хонааш ҳам меомаданд.
Муҳаммадризо шабҳои «тонгпотар» (шаби арафаи рӯзи бозорро косибон ҳамин тавр меномиданд), ба дӯконхонаи мо омада, бо падарам гап-гап карда нишаста мерафт. Хабарҳои ҷангро мо аз забони ӯ мешунидем. Сарбозони давлати Россия олмониҳоро чӣ тавр зеру забар мекунанд, маҷориҳо то чӣ андоза ҷангара ва румиён чӣ гуна ноӯҳдабаро, дар хусуси яроқу аслиҳаҳо, ки Фарангистон ва Англистон баровардаанд, ҳамаи ин ва боз суханҳои дигарро ӯ аз як сар монандӣ ровие, ки ривояти аҷиберо меоварад, мегуфт.
Ӯ буд, ки боре ба шикояти озмоишкоронаи падарам аз мактаби шӯравӣ гуфт:
— Э, ҳамсояи азиз! Худатон аз ман хубтар медонед, ки илм ҳамин илми шӯрӣ асту ҳар кас онро донад, ҳеҷ гоҳ дар ҳеҷ ҷо дарнамонад.
Муҳаммадризо соли сию ҳафт вафот намуд. Як писари ӯ Бақо Ризоев дар комбинати абрешим кор мекарду дигараш Сафо Ризоев муаллими мактаби миёна аст.
— Соли аз Самарқанд омадани мударрис,— Устоҳайдар нақлашро аз мударрис давом дод,— рӯзи бозори Нов дар миёнҷои бозор сандалӣ мемонаду ба болояш баромада вазъ мегӯяд. Баъди хатми мадраса ҳар кас барои мударрис шудан, ба мардум вазъ гуфта донишмандиашро нишон медодаасту фақат баъди ин ҳокими шаҳр ба мударрис шуданаш гӯё рухсат медода бошад. Тӯрадомулло гуфтааст, ки ризқи мардумро деҳқон медиҳад. Агар вай намебуд, ҳамаи мо аз гуруснагӣ мемурдем. Оқсаколи бозор аз домани тӯра кашидааст. Сониян, муллоҳо ӯро зада фуроварда, қадар як муштӣ карда куштаанд. Ал-амон-дия. Хайрият як одами баобрӯи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё