Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

— Ҷавоби шогирд, яъне Муллонасрулло, — суханро идома дод мударрис, — ба устод Ҳусайн Рочӣ, ки аз илми дунёвӣ ба дараҷаи аъло баҳрамандӯ ҷуғрофиё ва ҳандаса ва риёзиёт ва фалакиётрро дар шаҳри мо, ба андешаам, аз ҳама хуб медонист, писанд афтода, он шогирди баддаҳопро, ки Муллонасруллоро ранҷондааст, аз мактаб дур кард. Ҳол он ки ӯ фарзанди одами обрӯманде буд, — мударрис андак тавакқуф намуда ногаҳон пурсид. — Аз риёзиёт шумо ҳоло чӣ дарс мегиред?
— Ҳанӯз чор амалро мегузарем, ки ба мо кайҳо таълим дода будед.
— Пас, аз риёзиёт дарс гирифтани ту дар ҳузури ман бефоида намондааст. Тарзи таълимашон чӣ гуна?
— Монанди таълими шумо.
Медидам, ки аз ҷавоби ман мударрис шод мешуд.
Ӯ риши акнун торҳои сафед пайдонамударо бо ангуштон ҳилол намуд ва нафасе чашмҳои меҳрубон, хирадмандона ва бо вуҷуди калонсолӣ ҷавононаро нимкоф намуд. Қиёфаи ӯ, вақте ки ба саволҳояш ҷавоби қаноатбахш медодам, чунин намудро пайдо мекард. Яъне ин аломати хушнудии ӯ буд.
— Усто мегӯянд, ки ту сураткаширо дӯст медорӣ, оё ин дуруст? — мударрис падарамро усто меномид.
— Ҳа, баъзе вақт аз рӯи сурат сурат мекашам, — шармгинона бо таъхир ҷавоб гуфтам, — Сураткашии ҳавасакӣ.
— Сурати Ленинро ҳам кашидаӣ?
Аз ин саволи мударрис дигар тамоман дар тааҷҷуб мондам, ҳарчанд медонистам, ки дар давоми се сол ӯ ягон бор мактаби нав, яъне советиро наҳ намезад, ба он рафтани ягон шогирдашро манъ наменамуд.
— Аз ин гапи ман ҳайрон нашав, — хаёли парешоншудаи маро гирд овард мударрис. — Ягон сурати худи Ленинро ёфта биё, ки ман ӯро аз наздик дидан мехоҳам, то бидонам, ки қиёфаи чунин мард чигуна аст. Ту гумон накун, ки ман сурати ӯро надидаам. Аз дур дидаам. Сухан дар ҳамин ҷо мемонад.
— Албатта, — гуфтам боварибахшона сабаби даъватро акнун фаҳмида. — Худи пагоҳ як сурати ӯро мебиёрам. Дар дӯкони мо ҳаст.
— Вайро не, — зинҳор намуд мударрис, — беҳтар мешуд аз дӯкони газетафурӯшии Зуҳурӣ харида биёрӣ.

пешина
аз 447
навбатӣ