Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Ба ҷои вай камин меистод, ки онро аз рӯи маслаҳати Ҳоҷӣ Юсуф созонда гулханафрӯз ном ниҳо-даанд. Дар шабҳои зимистон дар назди ин камин му-даррис сандалича гузошта, аксар вақт аз чӯбу параха-ҳои калта-калта бурида ва кафондашудаи арча гулхан афрӯхта танҳо нишастанро дӯст медошт. Ғайр аз ин, дар ду тарафи камин дутӯғӣ равок буд, ки дар онҳо косаву пиёла, дар пойгаҳ офтоба ва дастшӯи мисина меистоданд.

Қисми боло як қолини қирғизӣ дошт, ки тамоми дарсхонаро мегирифт. Дарсхона ду тирезаи калону баланд дошт. Дар рӯ ба рӯи тирезаи дуйӯм дар таҳти девор кӯрпачаи абраастараш махмали сабзгун густур-да шуда буд, ки дар он мударрис менишаст. Дар рӯ ба рӯи ӯ бар қадди хона дар ҷониби тирезаҳо ду як-кандози дароз кушода буд, ки дар он аксар меҳмоно-ни мударрис ва дар тарафи пойгаҳ, дар рӯи кӯрпачаи дигар дар ҳангоми дарсгирӣ шогирдон менишастанд.

Даме, ки ба дарсхона даромадам, мударрис ба кӯрпачаи худ гузашта менишаст ва биё-биё гӯён аз бо-лои кӯрпачаи шогирднишин нею аз рӯ ба рӯяш ҷой ни-шон дод. Ин ягон се-чор моҳ пеш аз бемории мудар-рис буд. Ӯ аз ман пурсид, ки маро ба синфи чандӯми мактаби нав қабул карданд. Муаллимони ман киҳоанд ва чиҳо дарс медиҳанд. Аз байни муаллимони макта-бамон, ки ном гирифтам, фақат Насрулло Камолов ба ӯ писанду мақбул буд.

— Муллонасрулло аз кӯчаи Хосабофон аст. Ману ӯ аз Ҳусайнӣ Роҷӣ дарс мегирифтем, вале ӯ бо як шо-гирдпешаи мактаб сахт ҷангидаю ранҷида дигар ба он мактаб нарафт. Ҳангоме ки Ҳусайнӣ Роҷӣ аз ӯ ме-пурсад, ки магар шогирде аз шогирди дигар ранҷад, тарки мактаб мекунад, ӯ мегӯяд: Чароҳату синони ла-ҳал таёму, ва ло ялтому моҷаро ҳил-лисону. Маънии инро фаҳмидӣ? — пурсид мударрис.

— Алоқадри дониш, — ҷавоб додам ва мехостам як навъ тарҷима намуда табъи мударрисро шод намоям. Маро ӯ аз мушкилӣ вораҳонд:

— Тарҷимаи шеърӣ дорад, ки ин гуна аст:

Чароҳоти синонҳо бо ҳам оянд,
Вале н-ояд ба ҳам захми забонҳо.

пешина
аз 447
навбатӣ