Рухсора

Шоир ва нависанда, публисисти шинохта, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон Баҳром Фирўз (1939 - 1994) аз худ осори гаронбаҳое боқӣ гузоштаанд. Қиссаи «Рухсора» борҳо чоп шудааст, аммо дўстдорони каломи бадеъ ҳанўз ҳам ташнаи хондани ин асари нависандаи дўстдоштаашон ҳастанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 91 саҳифа
Фикру ҳисси вай болу паре дорад ва гоҳ суханаш шоирона аст. Чун мошин ронда, ба сари ағба расид, ба ин тарз аз мушоҳидаи баландии кўҳ табъаш болид ва ба қавли занаш, ба «хаёлтарошӣ»
сар кард: «Вақте ки кас ба ин хел баландӣ мебарояд, вусъати нигоҳаш ҳам, парвози хаёлаш ҳам, уфуқи пеши назараш ҳам доманадор мегардад».
Яке аз ҷузъҳои гуногуни таҷрибаи асрҳо, ки Баҳром Фирўз дар ин повесташ дахл намудааст, масъалаи шукр аст. Чунонки медонем, шукр дар асарҳои адабиёти дидактикию фалсафии асрҳои гузашта яке аз муҳимтарин принсипҳои ахлоқ буд. Дар ин маврид маънои шукру шукрона асосан донистани қадри неъмат - қадри нон ва фаровонӣ, рўзи хуш ва бахту саодат, қадри андак чиз ва ё камтар шодие, ки муяссар шудааст, зарур аст. Агар қадри онро надонем, онро пешпо занем, аз ин нодонӣ рўзҳои нохуш ба сарамон хоҳад омад. Ин яке аз тасаввуроти халқ аст, ки аз таҷрибаи рўзгораш ҳосил шудааст.
Баҳром Фирўз аз байни нависандагони ҳозираи тоҷик ҳоло қариб ягона касест, ки қаҳрамонони ў гоҳ-гоҳ ин принсипи муҳими ахлоқи халқ ва дидактикаи классикиро ба ёд меоранд.
Дар дами марги қаҳрамони ҳикояи «Омаду рафт» байни ў ва занаш аз ҷумла чунин гуфтугузоре ба вуқўь пайваст:
– «Парво накун, оча, – гуфт усто бо нимтабассум ва лаҳзае ба рўи ҳамсараш зеҳн монда, дуру дароз нигарист, – Ман умрамро дидам, ҳар чӣ насибам буд, гирифтам...
– Э, ин қадар... чӣ дидед? – даст афшонд пиразан. – Меҳнати дунё қатӣ гузаштагӣ умр ҳам умр аст чӣ? Хуни ҷигар қатӣ фарзанд калон кардед, акнун роҳаташонро бинед-дия...
– Шукр кун, оча, шукр гўй».
Ин ҷо гуфтугўи онҳо қатъ шуд ва ҳарду ба андеша рафтанд. Ҳам ҳасрати ин пиразан, ки дар зиндагӣ роҳате надида, имрўз аз дунё чашм пўшида истодани шавҳараш дили ўро фишор медиҳад, ҳам шукри оқилонаи пирамард, ки бо вуҷуди меҳнату машаққат ва номуродиҳо дар зиндагӣ дарнамонданаш, фарзандҳо калон карданаш, андаке бошад ҳам, ба хизмати мардум расиданашро давлати бузург медонад, маънои амиқе дорад. Агарчӣ фикри пиразан ва пирамард ду фикри зидди якдигар менамояд, ҳар ду ҳам идеалҳои мардуми меҳнатӣ, мақсаду маром ва фалсафаи зиндагии онҳоро ифода мекунад. Ин фалсафаи ҳаёт бо сухани муқаррарии мардуми оддӣ ба забон омадааст.
Масъалаи шукр дар ҳикояи «Омаду рафт» андак дахл шудааст, аммо дар повести «Тору пуд» аввал дар андешаҳои қаҳрамони асосӣ Даврон аз зарурати шукрона андак ёдовар шудааст. Вай боре бо ҳамсараш Азиза чунин гуфтугў дошт: «Падару бобоёнамон сари ҳар гап «шукр кун»
мегуфтанд, – гуфт Даврон оқибат аз дур сухан сар карда. – Ту ҳам ягон бор шукр гўй, аз ин фалокат саломат мондем». Баъд Даврон ба андеша рафт: «Аз дили Даврон гузашт, ки ибораи «шукр кун» ба Азиза ҳамеша сеҳру ҷоду барин асар мекунад... Ҳоло фикр мекард, ки чаро ин сухан ба ҳамсараш чунин таъсир дорад. Аз хурдӣ дар хонавода падару модар ҳамаи моро ба шукр гуфтан водор мекунанд. Худашон дар сари ҳар кор, хоҳ бад бошад, хоҳ нек шукр мегўянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё