Рухсора

Шоир ва нависанда, публисисти шинохта, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон Баҳром Фирўз (1939 - 1994) аз худ осори гаронбаҳое боқӣ гузоштаанд. Қиссаи «Рухсора» борҳо чоп шудааст, аммо дўстдорони каломи бадеъ ҳанўз ҳам ташнаи хондани ин асари нависандаи дўстдоштаашон ҳастанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 91 саҳифа
Насри Баҳром Фирўз аз дигар ҷиҳатҳо ҳам як ҳисса аз он ҷараёнест, ки бо номи Ф. Муҳаммадиев, С. Турсун, Кўҳзод, А. Самадов ва монанди инҳо вобастагӣ дорад. Бо диққати тамом нигаристан ба симои ҳамзамонон, аз феълу атвори онҳо зарра-зарра ҷамъ овардани нишонаҳои одамият ва кўшиши ҷиддӣ дар роҳи устувор кардани пояҳои он ҳоло моҳияти эҷодиёти бисёр нависандагони тоҷикро ташкил мекунад ва Баҳром Фирўз яке аз онҳост.
Ғайр аз ин, Баҳром Фирўз чун дар повести «Тору пуд» ба масъалаҳои ҷиддии ахлоқӣ-иҷтимоӣ, ба масъалаи инсону инсоният нисбатан пурвусъат ва амиқтар назар кардан хост, низ монанди баъзе аз нависандагони номбурда, чунончи мисли Ф. Муҳаммадиев ва С. Турсун ба таҷрибаи чандин насли мардум, ба тасаввуроту эътиқодот ва ҳикмати халқ, ба адабиёти классикӣ ва таърих руй овард. Аз боби якуми ин асар дар фикру андешаҳои қаҳрамон гоҳ ёде аз гузашта – аз солҳои наврасию навҷавонии худ, гоҳ шеъри Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ ё ривояте аз ҳаёти онҳо, гоҳ латифае ё гуфтаҳои ҳикматомези падару бобо ва ғайра бисёр ба назар мерасад. Инҳо як ҷузъи муҳими шуури маънавии Даврон - духтури ҷавони хушмулоҳизае мебошанд, ки ҳар замон барои ҳалли масъалае даркор мешаванд.
Ҳоло аҳамияти бузурги ҳамаи навъҳои таҷрибаи таърихии дуру наздик ҳар чӣ бештар маълум мешавад. Имрўз тамоми инсонияти тараққихоҳ сабақҳои таърих таҷрибаи рўзгори мардум, падидаҳои маънавияти халқ - мифҳо, афсонаҳо, ривояту латифаҳо ва монанди инҳоро ба андеша гирифтааст. Гузашта дар тафаккури ҳамзамонони мо бештар роҳ меёбад ва мавқеъ мегирад. Аз ин рў, дар адабиёт ҳам муроҷиат ба дирўз, ба андўхтаҳои маънавии гузаштагон яке аз омилҳои асосии ташаккули шахсияти қаҳрамони ҳамзамони мо, шарти муҳиме дар тадқиқи масъалаҳои ахлоқӣ-иҷтимоии имрўз ва назар андохтан ба фардо мебошад. Таҷрибаи таърихӣ санги маҳак қарор ёфтааст ва инсони замони мо, инчунин қаҳрамони адабиёти ҳозира барои ин ки моҳияти ҳастии худро дуруст фаҳмад, хатти ҳаракати худро дар шароити мураккабу тундпечи дунёи имрўзӣ бо санҷишкорӣ муайян созад, дар ҳалли муаммоҳои мушахаси воқеияти иҷтимоӣ ва ахлоқу одоби худ саҳв накунад, вазъияти худ ва рўйдоди атрофро кам ё беш алоқамандона бо гузашта аз назар мегузаронад.
Вай дар роҳи ҷўяндагиҳо, дар роҳи сарфаҳм рафтан ба маънои рўйдодҳои имрўзи машъали таърих ба даст гирифтааст. Албатта, таърих ягона воситаи равшан кардани роҳ ба сўи оянда нест. Воситаи асосӣ таҳлили ҳамаҷонибаи вазъияти воқеӣ ва руйдодҳои имрўзист. Таърих як ҷузъи муҳимми ин таҳлил мебошад.
Ҳангоме ки қаҳрамони Баҳром Фирўз дар повести «Тору пуд» порчаеро аз «Шоҳнома», ривоятеро аз зиндагии Ҷомӣ, байтеро аз Саъдӣ ё Ҳофиз, латифаеро ё ягон гуфтаи ҳикматомези падарашро ба хотир меорад, дар олами маънавияти ў ҷилое пайдо мешавад. Ҳофизаи таърихӣ ҷавлони фикру ҳиссро қувват дода, инсонро ба дарки маънои руйдодҳои конкрети атроф, моҳияти ҳастии худ ва ҳақиқати замони хеш наздик меорад. Дарвон дар сари андешаҳои мураккаби худ бештар ҷозиба дорад, фикри ҷўянда ва назари моҳиятҷўи вай, ки имрўз ва дирўзро баробар фаро гирифтан мехоҳад, ба ў як навъ ҳусни ботинӣ мебахшад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё