Рухсора

Шоир ва нависанда, публисисти шинохта, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон Баҳром Фирўз (1939 - 1994) аз худ осори гаронбаҳое боқӣ гузоштаанд. Қиссаи «Рухсора» борҳо чоп шудааст, аммо дўстдорони каломи бадеъ ҳанўз ҳам ташнаи хондани ин асари нависандаи дўстдоштаашон ҳастанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 91 саҳифа
Падари Азиза ҳатто ҳангоми ҳалокати писари ягонааш ҳам «шукр» мегуфтаанд. Ҳамаи ин беасар намегузарад. Аз як тараф, барои таскини дили одам, барои тассалӣ шукр кардан хуб аст, вале аз тарафи дигар, касро ба қаноатмандӣ талқин мекунад. Фалсафаи хоси мардуми мусулмон аст, ки ҳатто агар нобарорие пеш ояд, баъзан сабаби онро ба ношукрӣ ҳамл мекунанд».
Ин ҷо аз забони қаҳрамон шукру қаноатро фақат ба «мардуми мусулмон», фақат ба ислом нисбат додани қаҳрамон эҳтимол чандон дуруст набошад. Шукр ва қаноат дар байни принсипҳои ахлоқи динӣ ҳам мавқеи калон дошт, вале решаҳои онро аз таҷрибаи зиндагӣ ва фаҳмишу дониши халқ аз идеалҳои вай, аз ҷустуҷўйҳои маънавии фарзандони бузурги ў ҷўем, шояд ба ҳақиқат наздик омадан осонтар шавад.
Чунонки мебинем, андешаҳои Даврон хеле доманадор буда, тасаввуроти ҳаётии мардум, таҷрибаи халқро ҳамаҷониба фикр мекунад ва маънои ҳикматҳои халқро фаҳмидан, ба таҷрибаи чандин насли мардум шарик шудан мехоҳад. Даврон, ки зиёии ҷавон ва духтури ҷўянда аст, худро як ҷузъи халқаш медонад ва ҳар чиро, ки хоси ин халқ аст, аз ҷумла маънои он хулосаҳои аҷибу ғарибро, ки халқ аз рўйдодҳои зиндагӣ мебарорад, пай бурдан яке аз мақсадҳои ўст. Дар ин маврид ҳам, ҳофизаи таърихӣ қувваи фаъол буда, барои ҳалли масъалаҳои имрўзии ахлоқи иҷтимоӣ, барои муайян шудани хатти ҳаракати ҳозираи инсон хизмат мекунад. Ҳофизаи таърихӣ, пайванди наслҳо ва меросбарии маънавӣ аз муҳимтарин омилҳое мебошанд, ки дар ҷустуҷўйҳои маънавию ахлоқии ин қаҳрамони ҷавон, дар ташаккули шахсияти ў нақши калон доранд.
Нависанда бо рафти воқеаҳо ва бо мантиқи инкишофи характери қаҳрамонҳо таъкид кардааст, ки пайванди наслҳо ва меросбарии маънавӣ, фаъол шудани ҳофизаи таърихӣ дар ҷиддитарин лаҳзаҳои зиндагии инсон бештар натиҷа медиҳад, ҳалли масъалаҳои мураккаб ва куллӣ, кушиши бартараф кардани душвориҳо, чунин лаҳзаҳое, ки инсон дар назди худ вазифаҳои ҷиддӣ гузошт ё чунин вазифаҳо пеш омад, ҳофизаи таърихӣ бештар фаъол мешавад, ба маънои амиқи таҷрибаи ҳаётию маънавии наслҳои гузашта даст ёфтани инсон бештар муяссар мегардад. Ҳеҷ чиз бе ҷидду ҷаҳди махсус ба даст намеояд. Фақат ҷаҳду ҷадали ҷиддӣ дар роҳи ҳалли умдатарин масъалаҳои ҳаёт боиси рушду камоли маънавӣ мешавад.
Аз ҷумла ба ҷустуҷўйҳои маънавии гузаштагон ҳамроҳ шудан, ба қадри таҷрибаи онҳо расидан ва онро давом додан ҳам дар айни фаъолӣ, дар айни шиддати қувваҳои рўҳии шахс бештар рўй медиҳад.
Инро дар повести «Тору пуд» аз саргузашти Даврону Азиза ба хубӣ дидан мумкин аст. Чунонки, умуман, дар душвортарин лаҳзаҳо фаъолияти фикрии инсон қувват мегирад, қаҳрамонони ин повест низ чун ба сарашон фалокате омад, бошиддат фикр кардан гирифтанд ва таҳлилу худтаҳлилӣ дар фикри онҳо зиёд шуд. Муҳим ин аст, ки фикру андешаҳои онҳо дар ин лаҳзаҳо бештар мазмуни маънавӣ мегирад ва хулосаҳояшон аз афзудани ғанои маънавии шахсияташон гувоҳӣ медиҳад. Дар ин маврид боз ҳам масъалаи шукру қаноат пеш омадааст. Инак, як қисми андешаҳои Азиза:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё