Рухсора

Шоир ва нависанда, публисисти шинохта, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон Баҳром Фирўз (1939 - 1994) аз худ осори гаронбаҳое боқӣ гузоштаанд. Қиссаи «Рухсора» борҳо чоп шудааст, аммо дўстдорони каломи бадеъ ҳанўз ҳам ташнаи хондани ин асари нависандаи дўстдоштаашон ҳастанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 91 саҳифа
«Ман маст будам, ҳушёр шудам, – мегуфт ҳоло Азиза бо дард. – Хоб будам, бедор шудам. Як бор сарам ба обу поям ба гирдоб афтоду сонӣ маънии бисёр гапу корро фаҳмидам. Даврон ҳамеша як байт шеъри Хоҷа Ҳофизро такрор мекард:
«Замони хушдилӣ дарёб, дарёб,
Ки доим дар садаф гавҳар набошад».
Вай понздаҳ сол боз ин байтро гуфта мегашт, вале ман маънии онро дуруст наандешидаам ё худ барои андешаи чуқур фурсат надоштам. Акнун фаҳмидам... Одамизод чӣ махлуқи ношукр будааст! Ана, расо се моҳ боз шабу рўзамон бо парешонӣ мегузарад. Се моҳ боз ба лабам табассум надавидааст. Дар ҳақиқат, ба монанди садафе, ки гавҳар надорад, ҳаёту зиндагӣ холӣ, пуч ва бемаънӣ шуд. Се моҳ боз ақрабакҳои ин соати ба ман харида додагиаш беҳуда мегарданд, рўзу шабҳои ба ман нодаркорро ҳисоб мекунанд... Даврон доим мегуфт: «Ман на аз он қаноатмандам, ки хушбахтам, балки хушбахтиам аз он ки ҳамеша қаноатмандам ва шукр мекунам». Маънии ин суханбозиашро намефаҳмидам, ақаллан бифаҳмам гўён ақламро намедавондам. Баръакс, аз ин хел суханон дилтанг будам. Ў ба рўи ман маҳзун менигаристу хомўш механдид. Ҳа, Даврон аз кору бори худ, аз хонавода, умуман, аз ҳаёт қаноатманд буд. Кўдак барин баъзан ягон ҳодисаи оддӣ ва ё муколамаи лутфомезро гуфта, соат-соат механдид. Боре як воқеаро гуфта, Испанд қатӣ ҳар ду қариб то ними шаб хандиданд. Дар саҳни хона ғел зада, шикамашонро дошта механдиданд. Ана, акнун ба лабони писарам табассум намедавад».
Мо аз андешаҳои ин қаҳрамон ба он сабаб чунин порчаи калон мисол овардем, ки то чӣ андоза гуногун ва ғанӣ будани олами фикру ҳисси ўро таъкид кунем. Ҳам воқеаҳои ҷории рўзмарра, ҳам хулосаҳои ҷиддие аз онҳо, ҳам байти Ҳофиз, ҳам суханбозии ҳикматомезе дар бораи шукру қаноат ва бахту саодат як ҷо шуда, ҳама ҳастии ў мазмуни баланди маънавӣ дорад.
Вай дар айни шиддати фикру ҳиссаш рафти воқеаҳои зиндагии худ ва хонаводаашро, зоҳири воқеаҳоро не, балки моҳияти онҳоро аз назар гузаронидан мехоҳад. Мақсади ў ба маънии ботинии рўйдодҳо сарфаҳм рафтан, аз онҳо сабақ омўхтан, барои оянда хулосаи ҷиддӣ баровардан аст.
Қаҳрамон дар ин лаҳза дар сари ҷустуҷўйҳои маънавӣ, дар сари худшиносӣ мебошад, мақсади вай зиндагӣ ва маънои ҳаёти худро ба андеша гирифтан аст.
Арзишҳои маънавии ҷовид бунёди одамиятро ташкил менамоянд.
Онҳоро бодиққат омўхтан, дар рафти дигаргуниҳои пурсуръати замони тўфонии мо муҳимтарин падидаҳои онҳоро аз даст надода, бо худ эҳтиёткорона ба оянда бурдан ва барои фардои башарият маҳфуз доштан вазифаи бузурги гуманистӣ мебошад. Адабиёт ҳам дар ин роҳ хизмат карда истодааст. Аҳамияти аксари асарҳои Баҳром Фирўз низ дар ҳамин аст.
Муҳаммадҷон ШАКУРӢ,
академики Академия улуми Тоҷикистон,
дорандаи Ҷоизаи давлатии

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё