Зеҳн
Рухсора

Шоир ва нависанда, публисисти шинохта, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон Баҳром Фирўз (1939 - 1994) аз худ осори гаронбаҳое боқӣ гузоштаанд. Қиссаи «Рухсора» борҳо чоп шудааст, аммо дўстдорони каломи бадеъ ҳанўз ҳам ташнаи хондани ин асари нависандаи дўстдоштаашон ҳастанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 91 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Ҳа, гуфт, – гуфтам ман хабари маҷлисро дар назар дошта. Бо зарда даст афшондам.
– Аз афташ, худо оҳатона шунидагӣ барин, – асроромез табассум мекард вай.
– Чӣ гап? – пурсидам ман бо тааҷҷуб, балки хавотиромез...
– Ҳамту, худам, – сиреро пинҳон карданаш аён шуд, аммо дигар гўй гуфта исрор накардам.

Нимаи дуюми моҳи декабр ҳаво сард гашта, баъзан шамоли изғрин аз тарафи кўҳ барфи майда меовард. Маълум буд, ки ба кўҳҳои атроф барф мебориду гардаш то ба шаҳр мерасид. Аёсаш сару рўи касро алмос барин мебуррид. Сурати ҳамонрўзаи Рухсора ҳамеша дар пеши назарам дар сараш тоқии парча, аз болои он рўмоли шоли тагаш сиёҳу гулҳои коса-косааш сурху сабз. Як нўги рўмолро аз таги гулўяш гирифта ба китфаш партофтааст.
Чашмони ў ҳамеша ба ягон нуқта банд, ҷиддӣ, ба ман ҳамеша бо савол менигаристанд; лабони борикаш саҳл ва фарқаш рост кушодагӣ, як даста мўяш аз пешонӣ хамида, абрў ва чашми чапашро андаке пинҳон карда гузаштааст. Дар тўли ин чор-панҷ моҳи охир қомати вай расотар шудааст ё лоғар гаштаасту дар назар қадбаланд менамояд.
Аз Рухсора ҷудо шуда, ҳамон рўз баъди пешин ба кор рафтам.

Соат наздик ба шаш буд. Мо аз маҷлиси комсомолӣ баромадем. Аз дар берун шудему яктогӣ сигор даргиронда, хомўш ба роҳ афтодем. Аз ваҷҳи ҷазогирии ман Манучеҳр ҳам нохуш, худро гунаҳгор барин мешумурд. Ман вазъияти ўро ҳис мекунам, имкони сафед кардани ман набуд, гуноҳам таъин, пеш аз ин ҳам дар шумораи комсомолони намуна ва фаъол набудам. Аммо вай гунаҳгор барин ба рўи ман нигоҳ намекард, агар ман ба рўи вай нигоҳ кардани шавам, нигоҳашро мегурезонд. Маҷлис - маҷлис аст. Алалхусус маҷлисе, ки дар он гуноҳи одамро муҳокима мекунанд, як навъ суди рафиқона аст. Суд эҳсосоти шахсро, таъсири шароити гуногун, муносибатҳо, ақида ва афкори касро ба инобат намегирад.
Дастҳо ба киса, сарамонро аз гиребони палто ба дарун кашида хомўш мерафтем. Осмон соф бошад ҳам, ҳаво хунук, замин ях кардагӣ. Шаби дарози зимистон аллакай ба шаҳр доман паҳн карда, чароғҳо ва лавҳаҳои электрикӣ дар ҳавои ғуборолуд хира метофтанд. Таассуроти вазнин ва ногувори муҳокима, ҷазогирии ман ба ҳар ду ҳам маҷоли сухан гуфтан намедод.
Манучеҳр нағз медонист, ки ба ман тасаллӣ додан баробари дашном додан аст. Тасаллӣ ва тасаллибахшро хуш намекунам.
Пештар тахмин карда бошам, акнун боварӣ пайдо намудам, ки ба комёбиҳои нахустин ва фазлу дониши нокирои худ ғарра шуда, дўстону ҳамкоронро ранҷондаам. Ба ҳар ҳол онҳо аксар кию чӣ будани маро аниқ надонанд ҳам, аз ғайбат, аз гапу калочаи ину он дар хусуси ман ақидаашон чандон нағз набудааст. Баъзан бо беэътиноӣ, баъзан бо қатъияти якравона ва худдонамӣ баъзеҳоро лат дода бошам, онҳо ҳам чун саргине, ки як дег ошро ҳаром мекунад, кори худро кардаанд. Ғайр аз ду-се нафар касе напурсид, ки гуноҳи ман чист?

пешина
аз 91
навбатӣ