Зеҳн
Рухсора

Шоир ва нависанда, публисисти шинохта, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон Баҳром Фирўз (1939 - 1994) аз худ осори гаронбаҳое боқӣ гузоштаанд. Қиссаи «Рухсора» борҳо чоп шудааст, аммо дўстдорони каломи бадеъ ҳанўз ҳам ташнаи хондани ин асари нависандаи дўстдоштаашон ҳастанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 91 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Шумо баромада омадед... хаёлам ба ҳазор кўй рафт... Зиқ шудам, – гуфт вай гилаомез чашмонашро гардонда. – Сонӣ ба шаҳр омадем, ман ба деҳа рафтам... Ба дилам ҳеҷ чиз намеғунҷид... Модарам қати ҷанг кардам...
Ҳамаашон ҳайрон шуданд.
– Ҷанг кардед? Барои чӣ?
– Барои чӣ! – вай бо нозу нузхои ширин ва эркагиҳои ба худаш зебанда маро сарфароз мекард. – Барои шумо... Рост. Чӣ ин қадар бечораро гаранг мекунед, гуфтам. «Бўғчаатро гиру рав, дафъи муминон шав», гуфт.
– Наход?.. Акнун чӣ кор мекунед? – намедонистам, ки аз ин ҷуръати вай хурсанд шавам ё хафа, аммо аз ваҷҳи дилмониаш бо модар сахт ба ташвиш афтодам. Медонистам, ки ин ҳодиса барои вай андўҳи калон аст.
– Чӣ кор мекардам, ба хонаи шумо меравам, – шўхӣ мекард вай.
– Не, бешўхӣ мепурсам, чӣ кор мекунем? Охир берозигии онҳо...
– Надонам, охираш чӣ мешавад... Худо зад-чӣ, розӣ мешудагистанд? –вай тахмин намекард, балки аз ман мепурсид. Розӣ нашаванд, ман ҳам ба хостагии онҳо розӣ намешавам.
Нигоҳи миннатдори маро дида, аз ин густохиаш хиҷолат кашидагӣ барин бо шўхӣ хандид.
Баъд ману вай аз пиёдагард қадамзанон то канори шаҳр, домани теппаҳо рафта омадем, ҳамаи гапҳои дар диламон ғуншудагиро гуфтем, барои оянда баъзе тахмину реҷаҳо кашидем.
Сўҳбати имрўза ба ҷароҳати дили ман марҳам шуд. Дарахти умеди ман аз беобӣ бемаҳал хазонрез гашта буд, аммо Рухсора ба он ҷўй оби равон оварду дигарбора ба нашъунамо сар кард. Дар дилам аз нав умеди тоза, боварӣ ва иқтидор ба кору вазифа, ба фардо пайдо шуд.
– Хостгор гуфтагӣ, агар ҷазман бошад, чарх зада меомад. Хостгорҳои шумо дигар хел будаанд, – гуфт вай гўё дар омади гап.
Ман ба ҷои ҷавоб нимтабассум кардам. Вай фаҳмиданӣ буд, ки ҳоло хостгор фиристоданиам ё не, бинобар ба даҳонам нигарон шуд.
– Вай воқеа камтар аз ёдашон равад, кўҳна шавад.
Дар ҳақиқат ҳоли ҳозир ба дадаамно аз ин хусус даҳон кушода намешавад, алами он хостгорӣ аз дилашон нарафтааст.
– Агар аз дастам меомад, ҳар рўз як бор хостгор мефиристодам. Аммо чӣ кор кунам?
– Инобатро дидед?
Рухсора ҷавоби инкор гирифта, зери лаб хандидагӣ барин шуд. Ба ман чунин намуд, ки вай аз ягон сир бохабар аст.
– Чӣ гап, тинҷӣ охир? – лоқайд, бо як оҳанги сард пурсидам.
– Гуфта будам-ку, дар шаҳр як амакам ҳастанд. Ҳамон кас аз ман шумора пурсиданд, – гуфт вай андаке сурх шуда, бо изтироб. – Инобатон ба он кас гуфтаанд.
– Ман худам ҳам як бор ба назди амакатон рафтанӣ будам. Ана, ин ғавғоҳо пеш омаду сарҳисобамро гум кардам.
– Акаи Манучеҳр ба шумо ҳеҷ чиз нагуфтанд? – бесаброна сухани маро бурид вай.

пешина
аз 91
навбатӣ