Зеҳн
Рухсора

Шоир ва нависанда, публисисти шинохта, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон Баҳром Фирўз (1939 - 1994) аз худ осори гаронбаҳое боқӣ гузоштаанд. Қиссаи «Рухсора» борҳо чоп шудааст, аммо дўстдорони каломи бадеъ ҳанўз ҳам ташнаи хондани ин асари нависандаи дўстдоштаашон ҳастанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 91 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– вай бо савол ба ман нигарист. Ман ба ҷои ҷавоб даст афшондам. Ина ба авзои ман эътиборе накарда гап мезад: – Вай ҳамроҳатон буд?
– Не-е... ҳамту, дар миёни раҳ пайдо шуд.
– Ба студентон таътил-ку, шумо нарафтед?
– Ман тамом кардам. Акнун ба кор.
– Ҳа-а.
Ба ҳар ҳол институтро тамом карданам воқеаи хеле таъсирбахш барин.
Ина ҳам саросема шуда ба назарам, оҳанги суханаш ҳам каме дигархелтар садо медиҳад.
– Ба кор таъин шудед?
– Ҳа.
– Ба куҷо?
– Ба куҷо? – чӣ ҷавоб доданамро надониста, саволро гашта пурсидам. – Дар ҳамин шаҳр мондам.
– Ҳамин сол кор кунам кифоя, ман ҳам ба институти тиббӣ даромаданӣ.
– Нағз. Таҷриба доред ба шумо осон мешавад.
Бегоҳӣ Ҷаводзодаю Оқилов шалғамшўрбо хўрданд. Бўи шалғами пухта хонаро гирифт. Ба ман ҳам хўронданӣ шуданд, аммо рад кардам. Бўи шалғам хотираи солҳои дури бачагиро бедор карду ҷойпўшро ба сар кашидам.
Солҳои ҷанг, айёми бачагиам ба ёд омад. Ғалла танқис буд. Ҷавро даравида, ба ҷояш сабзӣ ё шалғам мекоридем. Зимистон ба қўри оташдон шалғам гўр карда мепухтем. Азбаски он солҳо аксар пойлуч, сару тани дуруст надоштем, фасли сармо аз сулфа нафасгир мешудем. Ба сулфа дору гўён очаам шалғам пухта медоданд. Шалғами беравған пухтагӣ маза надошт.
Ина омада ба ман дору гузаронд. Баъди як-ду сухани беаҳамият, ки байни мо радду бадал шуд, вай пурсид:
– Хабаргирӣ наомаданд? Ё ҳеҷ кас нест?
– Хешу табор нест. Ҷўраҳо ҳам тамом карда рафтанд. Баъзе дар таътил...
«Боз як кас ҳаст, аммо аз бемориам хабар надорад» гуфтанӣ шудаму аммо худдорӣ кардам. Ду-серўза шинос дарҳол ба аёдати ман меомадаст! Умуман, як ман ҳам не, аксари мо ҷавонон камтар хаёлпарастем. Орзую ҳавасамонро гоҳе аз имконияту воқеият фарқ намекунем. Ина боз чизе пурсидан хост, аммо аз Ҷаводзодаю Оқилов, ки аз қадду басти ў чашм намеканданд, шарм дошт.
Рўи гулгунаш бо гиребони гули оташи куртаи атлас ва хилъати сафед ҷанг мекард. Вай доруро гузаронда, бо табассуми хиҷолатомез лаб газида, оҳиста баромада рафт. Ҳар се аз пасаш нигариста мондем. Вай аз нигоҳҳои мо шарм дошт. Чӣ шуд, ки диққати ҳар се ҳам ин бор ба ҷониби вай ҷалб шуд.
– Баҳори умраш... Чӣ мехўрам гуфта ғам нахўрад, чӣ мепўшам, гўён ташвиш накашад... – ғусса мехўрданд Ҷаводзода. – Даври ҷавонии мо зану духтарон ҳам хору зор буданд. Духтари хушрў ягон-ягон дучор мешуд. Ҳозир якташ аз дигараш базеб. Ҳусн аз даҳан-дия. Серию пурӣ, дили беғам як ҳуснашро даҳ мекунад.
– Муаллимҷон, садқатон шавам, ҳусни зан– табақи чинӣ, – ба ҳикмат сухан сар кард Оқилов. –Табаки чинии холӣ ба кӣ даркор?! Барои тамошо?! Инҳо, – вай ба тарафи Ина ишорат кард, – барои дар кўчаю кино падрушка карда, гаштан соз, барои рўзғор кор намеоянд.

пешина
аз 91
навбатӣ