Рухсора

Шоир ва нависанда, публисисти шинохта, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон Баҳром Фирўз (1939 - 1994) аз худ осори гаронбаҳое боқӣ гузоштаанд. Қиссаи «Рухсора» борҳо чоп шудааст, аммо дўстдорони каломи бадеъ ҳанўз ҳам ташнаи хондани ин асари нависандаи дўстдоштаашон ҳастанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 91 саҳифа
Ду рўз ба сари дегу оташдони ману шумо шинад, бинед, чӣ мешавад? Тоб намебиёрад.
– Не, Ина аз он хелҳо не, – эътироз карданд Ҷаводзода. – Дасташ ба оби хунук нарасидагӣ, таннозҳо дигар хеланд. Ҳамаро ба як газ чен накунед.
– Ман медонам, ё шумо? – даст ба сари сина дарк зада, пешхезӣ кард Оқилов. Баъд вай дар хусуси ҳеҷ кадом як хешбачааш, ки ба гапи падару модар гўш надода, ба як духтари «ҷудо ҳам хондагӣ» хонадор шуданаш ва арўс чӣ хел кори рўзғорро надонистанаш, хеле лаққид.
Ҷаводзода суханони ўро гўш карда истода беэътино даст афшонданд. Дар ҷои ман Лутфулло мебуд, ба бемориаш нигоҳ накарда, бо ин суроб даст ба гиребон мегашт. Вай мурад ҳам, хап намешишт. Сад бор гўед, ки «ҳой кори худро кун, ба ҳар гап қатӣ нашав», боз хап истода наметавонад. Парерсол дар фурудгоҳи шаҳр мунтазири самолёт будем. Ногоҳ ду нафар ҷавонмард ширакайф аз ресторан фуромада омада, фаҳмиданд, ки самолёташон аллакай паридаст. Навбатдори сменаро дошта, ба сари вай ғавғо бардоштанд.
Мусофирон даъво доштанд, ки навбатдор эълон накарда, самолётро фиристодааст. Ногоҳ бинам, Лутфулло ба миён даромада, ба он даъвогарон исбот карданӣ: «Ман дар ҳамин ҷо нишаста будам, эълонро бо гўши худ шунидам» мегўяд. Ба одами маст ин хел маҳмаддоно маъқул намешавад.
Яктааш аз гиребони ҷўраи мо гирифту «ту худат кӣ?» гўён тела дода аз дар берун карданӣ буд, ки тохта рафта халос кардем.
Ман рўболо хобида фикр мекардам. Баъди як ҳафта иҷозати бархестан ва раҳ гаштан медодаанд. Ҷароҳати сарам хавфнок будаст. Худаш ҳам чунон башаст парида рафтам, ки гумонам маро мошин зада бошад. Хайрият, ки ин ҳодиса баъди рафтани Рухсора руй дод, вагарна вай тарсида, мумкин буд бетоб шавад. Дар вақти имтиҳон андаке тобатон гурезад, коратон пачоба!..
Ҳоло вай ба чӣ кор банд бошад? Аслан, бесабаб ба вай ин қадар андармонам. Охир қарс аз ду даст, майли ў ба ман ҳеҷ маълум не, ҳамту, эҳтиром мекунад. Балки дар институт ба кор монданамро гуфтаму... Кӣ медонад? Шояд дар ягон гўшаи дилаш будагистам? Одами дил мебастагӣ аз як дидан ҳам дил мебандад. Хайр, аз як дидан дил набандад ҳам, аз шиносоӣ ба дилаш ғулғулае меафтад. Ҳанўз ҳам ҳайронам, намедонам чӣ кор кунам.
Ба Рухсора хат нависам ё не? Не, хат ба дасташ намерасад. Фасли таътил дар хобгоҳ мактуби зиёде ғун мешавад. Азбаски Рухсора аз касе мактуб интизор не, рафта он мактубҳоро тагурў намекунад. Намешавад. Телеграмма диҳам?
Не, гапи ман бо телеграмма мегуфтагӣ гап не. Чӣ кор кунам?.. Имтиҳонро чӣ хел супурда бошад? Аз конкурс гузарад-дия... Агар баргашта ба деҳаашон равад-чӣ? Не-е, мегузарад. Хайр, мабодо нагузарад, соли дигар меояд. Аз курси мо Ҳафиз се сол паёпай омада, аз имтиҳон, сонӣ аз конкурс нагузашта, оқибат соли чорум дохил шуд-ку... Рухсора донишҷў мешавад, ҳар субҳидам ба дарс мешитобад, дар сари он мизе, ки ман менишастам, нишаста, лекция гўш мекунад. Пеши назарам омад, ки чӣ гуна вай дарс гўш мекунад, чӣ гуна мўяшро дуто бофта, ба пушташ партофтаасту хиромон аз зинапояҳои институт фуромада меояд… Ману вай таҷрибаи сар кардаи маро давом медиҳем, дар пахтазор санҷида исбот мекунем, ки... Не, алҳол масъала мегузорем: инсектисид ё муборизаи биологӣ?.. Ба ҷои инсектисид, ки обу ҳаворо заҳролуд мекунад, зидди ҳашароти зараррасон дар пахтазор ҳашароти фоиданокро ба кор андохтан мумкин.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё