Рухсора

Шоир ва нависанда, публисисти шинохта, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон Баҳром Фирўз (1939 - 1994) аз худ осори гаронбаҳое боқӣ гузоштаанд. Қиссаи «Рухсора» борҳо чоп шудааст, аммо дўстдорони каломи бадеъ ҳанўз ҳам ташнаи хондани ин асари нависандаи дўстдоштаашон ҳастанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 91 саҳифа
Таътил, хобгоҳро таъмир мекунанд, вагарна телефон кардан ҳам мумкин буд. Воқеан, мактуб нависам, ба вай намерасад.
Дар сари хўрокхўрии ман Ина Ҷаводзодаро андаке ранҷонд. Аслан, гуноҳи духтарак ҳам не, муаллим ҳар гапро ба дил мегиранд. Ина мисли ҳарвақта ба ман исрор мекард:
– Ҳамин гўштқимаро хўред, сонӣ бас, гиред, мегуфт вай чашмони хуморашро гардонда.
– Ҷуволи холӣ рост намеистад, додар, – суханашонро бафурҷа дона-дона чида ба гап ҳамроҳ шуданд муаллим. – Аз таом рўй нагардонед. Дилатон накашад ҳам, хўред... Чени шумо будам ман оши як кило биринҷа танҳо мехўрдам. Аз болош якта харбузаи ҷўрақандиро ҳам мезадам.
– Солатон оштахта будаст-дия, – хандид Ина. Барои ҳамин, муаллим, парҳеза дошта наметавонед.
Ҳақиқати ин сухани шўхиомези духтарро ман сонитар фаҳмидам ва ҳар гоҳ ба ёдам Ҷаводзода расанд, ҳамин гуфтугузор ба хотир меомад. Аммо ин гап ба дили муаллим сахт расид.
– Аввал шумо ҳам ба синни мо дароед, ойим. Ҳа, рўзҳои мо дидагиро набинеду агар медидед, ин хел намегуфтед, – озурдахотир таъкид карданд он кас.
-– Даррав ранҷидед? Ман ҳазл кардам, – Ина аз гапаш пушаймон шуда, дар хиҷолат монд.
Вай ба чашми ман нигарист. Ин нигоҳи ўро бо кадом забоне ифода накунед, маъниаш таъин: «худатон гўед, охир сухани ман чӣ ҷои бадӣ дошт», мегуфт. Ман ҳам бо забони нигоҳ гуфтам, ки суханаш рост, аммо бо одами солдидаю бемор баҳс кардан хуб не.
– Духтар мардум камтар андешида гап мезанад. Хафа нашавед, ман ҳам дар омади гап мегўям, – ба оҳанги насиҳатомез суханашонро давом доданд муаллим. – Ду қаҳтия аз сар гузарондам. Қиматӣ не, қаҳтӣ! Ба пул нон намеёбед! Ана, худатон медонед, ҷанг... Ҳозир ҳам азобашро мекашам, – Ҷаводзода ба шонаи чапи худ ишора карданд: – Духтурҳо мегўянд, ки дар устухонам як пора тир ҳаст.
Ҷароҳатҳои ҷанг ҳанўз дар ҳар қадам дучор мешаванд. Захми тани одамон шифо ёбад ҳам, захми дилҳо шифо намеёбад. Солҳои вазнини ҷанг мардуми ақибгоҳро ҳам дардманд кард. Аммо ҳозир чӣ? Ҳозир баръакс, аксар аз пурхўрӣ дардманд. Мо се нафар донишҷў дар ҳавлии пирамарде иҷорашин будем. Ҳар бор ягонтаамон бетоб шуда, ба дарс наравем, мўйсафед омада мегуфтанд: «Карная тоза кардан даркор, карная! Карнай ғубор гирифтаст».
Чӣ дарде дошта бошед, мўйсафед аввал «карная тоза кун» мегуфтанд.
«Карнай» гуфта он кас меъдаю рўдаҳоро дар назар доштанд. Бетобро як шабонарўз намак чашидан намонда, хоб кун, мегуфтанду сонӣ як коса пиёбаи тунук оварда, гармогарм мехўронданд. Баъд мефармуданд, ки болояшро дам карда, хоб кунад. Сиҳат шуда мехестем.
Имрўз Ина докапечи сарамро дуруст карду гуфт:
– Фардо кушода, аз нав мебандем. Духтур мебинанд. Ҳеҷ гап не, безиён, – сипас ба сару рўям як чашм давонду пурсид: – Гуфтанд, ки як одами маста аз таги мошин мегирам, гўён афтодаед?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё