Зеҳн
Рухсора

Шоир ва нависанда, публисисти шинохта, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон Баҳром Фирўз (1939 - 1994) аз худ осори гаронбаҳое боқӣ гузоштаанд. Қиссаи «Рухсора» борҳо чоп шудааст, аммо дўстдорони каломи бадеъ ҳанўз ҳам ташнаи хондани ин асари нависандаи дўстдоштаашон ҳастанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 91 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

...Мо чор нафар бемор дар як хона будем, муаллими нафақахўр Ҷаводзода, Оқилов ном марди миёнсол ва як ҷавони дастшикаста, ки Ҳусейн ном дошт.
Ҳусейнро, асосан, шаб, пеш аз хоб дар палата медидеду бас. Ҳар рўз ҳамшираҳо дар суроғи вай овора буданд. Ана, ҳозир ҳам Ина дар берун фамилияи вайро гирифта, фарьёд мекунад.
– Даст ба гардан ҳамел ин қадар аз пушти духтарон давида номаъқул мекунӣ! – Ҷаводзода ғур-ғуркунон омада, ба курсӣ нишастанд.
– Дасташ соз нашуда, ин бача пояшро мешиканад! Ҳоло мебинед. Ана, ман гуфтам, шумо шунидед, – ҳукм кард Оқилов, ки фамилияи худро ҳамеша «Акилов» гўён ғаши маро меовард.
«Бетамиз, – мегуфтам дар дил бо асабоният, – наход, ки «Оқилов» будани фамилияашро надонад!»
– Ҳамин хел шабу рўз давидан гирад, гарданаша ҳам мешиканад, – муаллим аз рўзнома сар набардошта, сухани шарикашонро қувват доданд, ки ин гапи он кас ҳам ба ман нафорид.
Ҷаводзода, ба қавли худашон, нафақаи пиронсолӣ гиранд ҳам, ҳанўз пир барин наменамуданд. Аслан, нафақаро барои пирӣ не, барои собиқаи хизмат медиҳанд - ку. Пас чаро «нафақаи хизмат» намегўянд? Ҷаводзода нафақахўри баҳодурнамуде буданд. Бурути ғафси мошубиринҷ ба каллаи калон ва қомати баландашон зебанда, ришро ҳар саҳар бо алмос тоза метарошиданд. Мўи сарашон ҳам тоза тарошидагӣ. Муаллим дар ин ҷо бо Оқилов унс гирифта, ба қавли худашон, ҳоло «дегу табақашон ҳам як» шудааст. Ҳар бегоҳӣ аз хонаашон таоми гарм меомад. Онҳо пагоҳӣ ҳам дар палата бо нони танўрию ангури ҷавз ношто карда, фақат хўроки нимирўзиро қатори дигарон аз ошхонаи бемористон мехўрданд.
-– Нахўдшўрбо, гуляш, боз якта самбўсаю ғўлунгоб, – бо гулдуррос оғур дода, дандонковон аз дар медаромад Оқилов. – Бад не.
– Ноштою хўроки шомаш намешавад, – қариб ҳар рўз як бор ин маъниро такрор мекарданд Ҷаводзода.
Баъд лаълӣ дар даст саросема Ина меомаду ба мани бистарӣ хўрок мехўронд. Вай сачоқро ошхўраки кўдакон барин ба гарданам андохта, бо чумча ба ман шўрбо медод. Ду-се чумча мехўрдаму аз хиҷолат бас мегуфтам.
Вай «боз як чумча, боз як чумча» – гўён безор мекард. Вақте ки чашмони вай бо хоҳиш ба кас менигаранд, рад карда наметавонед. Ина духтари 18-19 - солаи ситорагарм аст. Беморҳо аз хусуси вай гап ояд, «духтари қобилу вазнинакак» мегуфтанд. Нигоҳаш, хами абрўяш камтар ба Рухсора монанд.
Намедонам, ё ба назари ман ҳамин хел менамояд.
Ба бемористон афтоданамро аз наздиконам ҳеҷ кас намедонад. Агар Рухсора хабар ёбад, балки меомад. Хабар диҳам ё не? Агар имрўз мактуб навишта, ба почта партоям, фардо, ҷудо дер монад, пасфардо мегирад. Аммо хатро гирифта чӣ, мегўяд? Беморбинӣ биё, гуфтагӣ барин. Аз каси дигар шунида худаш ояд, гапи дигар. Каси дигаре дар миёни мо нест. Ҳамкурсон парешон шуда рафтанд. Ба падар хабар намедиҳам. Бекора алағда гашта, аз роҳи дур то расида омадан корашон мешавад. Ин хел хабар касро ба ҳар гумон мебарад... Яку якбора ғайб задам, Рухсора чӣ мегуфта бошад. Нағз нашуд, ба вай хабар додан даркор.

пешина
аз 91
навбатӣ