Зеҳн
РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Акнун ба онҳо (дар шабҳои моҳи Рамазон) наздикӣ ва муоширати ҷинсӣ намоед ва аз ин кор ҳамон чизеро биҷўед, ки Худо бароятон навиштааст ва то замоне бихўред ва бинўшед, ки риштаи сафеди субҳ бароятон аз риштаи сиёҳ (-и шаб) маълум гардад, он гоҳ рўзаро то шаб ба итмом расонед».176 Бинобар ин, касе яке аз се кореро, ки дар оят зикр гардида ва муфсиди рўза дониста шудаанд, рўзона дар моҳи Рамазон анҷом диҳад, рўзааш фосид мегардад ва бар вай ҳам қазо ва ҳам каффорат воҷиб мешавад.

В-ар ба қасд аст хўрдану корат,
Лозим ояд қазову каффорат.

Дар дигар мавридҳои «муфсидоти рўза» танҳо қазои он бар шахс воҷиб мегардад ва каффорате надорад. Ин муфсидоти рўза иборатанд аз:

  1. Бо бўса задан ва ё ламс кардан (молидан) инзол (баромадани манӣ) шавад.
  2. Сангреза ё оҳан ё чизҳое, ки маъмулан хўрда намешаванд ва ё донаи меваеро бибалъад, яъне фурў барад.

Гар хўрӣ ончи з-ў ғизо набувад,
Бар ту лозим ба ҷуз қазо набувад.
Ҳамчу сангу кулуху оҳану рўй,
Набувад зин қабил гили саршўй.177

  1. Дар ғайри фарҷ ба тариқи тафхиз, табтин ва ғайра ҷимоъ кунад ва инзол шавад.
  2. Ба бинӣ ва ё гўши худ даво бичаконад.

176 Бахше аз ояти 187-уми сураи Бақара.
177 Гили саршўй навъе гили сафед аст, ки аз гурўҳи гилҳои каолинӣ буда, қобилияти зиёди ҷабандагӣ ва чарбизудоӣ дорад. Дар гузашта онро дар гармобаҳо ба сурати гилпора ва ё маҳлул намуда, барои шустушўи сару бадан ба кор мебурданд. Ба он гили хушбўй ва гили ҳаммом низ гўянд. Ҳарчанд он маводи ғизоӣ ба шумор намеравад, вале аз тановули он навъе боландагӣ ва тағзия ҳосил мешавад ва бо фурў бурдани он дар вақти рўза қазо ва каффорат ҳар ду лозим меояд.

пешина
аз 190
навбатӣ