РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа
Вале рўзаи висол ба таври мутлақ мамнўъ мебошад. Дар ривояти Абўҳурайра (р) омадааст: «… Амалҳоро ба андозаи қувват ва тавоноии худ анҷом диҳед».173 Пас маълум мегардад, ки рўзаи висол аз тобу тавони шахс берун мебошад.
Ихтисос додани рўзи ҷумъа ва ё шанбе ба рўза кароҳият дорад, вале агар онҳо якҷоя гирифта шаванд ва ё рўзи панҷшанбе бо ҷумъа гирифта шавад, боке надорад. Аз Абўҳурайра (р) ривоят шуда, ки Паёмбар (с) фармуд: «Шаби ҷумъаро аз байни шабҳо ба қиём (-и шаб) ихтисос надиҳед ва рўзашро аз байни рўзҳо ба рўза ихтисос надиҳед, магар он ки он ба рўзе мувофиқ ояд, ки касе аз шумо онро (қаблан) рўза медошт».174 Боз мефармояд: Паёмбар (с)-ро шунидам, ки фармуд: «Касе аз шумо рўзи ҷумъаро ба танҳоӣ рўза надорад, магар ҳамроҳ бо рўзи қабл ва ё баъди он!».175
Муфсидоти рўза
Ҳамон тавре ки гуфтем, рўзадор бояд аз дамидани субҳи содиқ то ғуруби офтоб аз баъзе корҳо худдорӣ намояд ва агар яке аз онҳоро анҷом диҳад, рўзааш фосид мешавад. Маҷмўаи ин корҳоро муфсидоти рўза меноманд.
Баъзе «муфсидоти рўза» чунон ҳастанд, ки бо содир кардани онҳо бояд ҳам қазои онро ба ҷо оварад ва ҳам каффорат бар ў воҷиб мегардад ва онҳо иборатанд аз:
- Ҷимоъ (алоқаи ҷинсӣ) кардан.
- Қасдан хўрдан ё ошомидан.
Қуръони карим танҳо ҳамин се корро муфсиди рўза дониста, шахси рўзадорро аз анҷоми онҳо рўзона дар моҳи Рамазон наҳй намудаст, он ҷо ки мефармояд:
173 Саҳеҳи Бухорӣ, 1966.
174 Саҳеҳи Муслим, 2679 (1144)-148.
175 Саҳеҳи Бухорӣ, 1985; Саҳеҳи Муслим, 2678 (1144)-147.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё