РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа
Рўза доштан дар ин рўзҳо кароҳият дорад ва ё манъ аст
Рўзаи рўзи шак ба нияти вуҷуб (Рамазон) ҳаром (макрўҳи таҳримӣ) ва ба нияти татаввўъ макрўҳ аст. Рўзи шак он аст, ки эҳтимоли шаъбон ва Рамазон ҳардуро дорад – ҳанўз ба поён расидани моҳи шаъбон ва даромадани моҳи Рамазон ба таври аниқ муайян нагаштааст. Аммор ибни Ёсир (р) мефармояд: «Касе рўзи шак рўза гирад, воқеан ҳам, Абўлқосим Муҳаммад (с)-ро нофармонӣ кардааст».167
Аз Абўҳурайра (р) ривоят шудааст, ки Расули Худо (с) фармуд: «Рамазонро бо доштани як ё ду рўз рўза пешдастӣ нанамоед, магар касе, ки қаблан рўзадор бошад, пас вай метавонад он рўзро рўза бигирад».168
Бар ҳамин асос рўза доштани рўзи шак барои одамоне, ки қаблан рўзадор бошанд, мамнўияте надорад, вале барои ғайри онҳо макрўҳ мебошад.
167 Сунани Абўдовуд, 2334; Сунани Тирмизӣ, 686; Сунани Насоӣ, 2187; Сунани Ибни Моҷа, 1645. Бухорӣ онро дар Саҳеҳи худ дар муқаддима (таълиқ)-и ҳадиси 1906 овардааст.
168 Саҳеҳи Бухорӣ, 1914; Саҳеҳи Муслим, 2515 (1082)-21; Сунани Абўдовуд, 2335; Сунани Тирмизӣ, 685.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё