РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа
- Сиҳҳат (тандурустӣ).
- Покӣ аз ҳайзу нифос барои занон.
в) Шартҳои сиҳҳати рўза: - Ният.
- Дурӣ аз муфсидоти рўза.
Се шарти аввал шартҳои воҷиб гардидани рўза, чаҳор шарти баъдӣ шартҳои вуҷуби адои рўза ва ду шарти ахир шартҳои дуруст гардидани он мебошанд.
Бинобар ин, гирифтани рўзаи моҳи Рамазон бар кофирон, кўдакони ба балоғат норасида, одамони аз ақл бегона, беморони дармонда, пирони бемадор, шахсони мусофир ва занони дар ҳоли ҳайзу нифос воҷиб намебошад. Ҳамчунин, касе нияти рўза накарда бошад, рўз то бегоҳ гурусна бинишинад ҳам, он рўза ба шумор намеравад. Зеро дар баъзеи онҳо шартҳои вуҷуб ва дар баъзе дигар шартҳои сиҳҳати рўза таҳаққуқ наёфтааст.
Навъҳои рўза
Гирифтани рўза аз назари ҳукмӣ ба навъҳои зерин тақсим мешавад:
Фарз
а) дар вақти муайян: Рўзаи моҳи Рамазон,
б) вақташ номуайян: қазои рўзаи фавтшудаи моҳи Рамазон, рўзаи назри мутлақ ва каффоратҳо
Воҷиб
Қазои рўзаи фосидшудаи нафлӣ ва рўзаи эътикофи назрӣ
Нафл
Рўзаи рўзҳои душанбе ва панҷшанбеи ҳар ҳафта, шаш рўзи моҳи шаввол, се рўзи миёнаи ҳар моҳ, рўзаи рўзи Арафа барои ғайри ҳоҷӣ, рўзаи даҳ рўзи аввали моҳи зулҳиҷҷа, рўзаи моҳҳои ҳаром (муқаддас: зулқаъда, зулҳиҷҷа, муҳаррам ва раҷаб) ва дигар рўзаҳои мутлақи нафлӣ
Ҳаром
Рўзаи ду рўзи ид – иди Фитр ва иди Қурбон, рўзаи рўзҳои ташриқ, яъне се рўзи баъди иди Қурбон, рўзаи занон дар ҳолати ҳайз ва нифос. Рўза доштан дар ин рўзҳо гуноҳ аст ва агар касе дар ин рўзҳо рўза дорад ва онро фосид намояд, қазое бар вай воҷиб намегардад
Макрўҳ
Рўзаи рўзи Арафа ба рои ҳоҷӣ, рўзаи рўзи шак, рўзаи висол, рўзаи даҳр (тамоми умр), рўзаи рўзҳои ҷумъа ва ё шанбе ба танҳоӣ, рўзаи шахси мусофир вақте ҳамроҳ бо машаққат бошад, рўзаи нафлӣ барои зане, ки шавҳараш ҳамроҳаш аст

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё