РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа
Худованд ин ду идро ҷойгузини тамоми идҳо, ҷашнвораҳо ва хурсандиҳо гардонидааст. Бандаи мўъмин ба онҳо ифтихор менамояд, зеро онҳо аз ҷониби ойини муқаддаси Ислом муайян гардида ва дар зери пўшиши баракоти Худованд қарор гирифтаанд.
Ривоят шудааст, ки «вақте Расули Худо (с) ба Мадина омад, мардуми он ҷо ду рўзи хушию бозӣ ва иду шодмонӣ доштанд. Пурсид: Инҳо чӣ рўзеанд? Гуфтанд: Дар замони ҷоҳилият дар ин ду рўз бозию хушӣ мекардем. Расули Худо (с) фармуд: Худованд онҳоро барои шумо ба ду рўзи беҳтаре – рўзи (иди) Азҳо ва рўзи (иди) Фитр – табдил намуд».154 Ид дар фарҳанги исломӣ аз ҷашнвораҳо ва идҳое, ки дар миёни миллатҳои дигар вуҷуд доранд, куллан фарқ мекунад. Иду ҷашнҳо дар фарҳангҳои ғайри исломӣ, умуман, маросими хушиҳои сирф моддӣ ва баҳрамандӣ аз барномаҳои ҳунарӣ ба шумор рафта, аксаран бо баргузории чорабиниҳои фароғатӣ ва як силсила тадорукоти фарҳангӣ (рақсу бозӣ) таҷлил мешаванд.
Вале ид дар мафҳуми исломӣ ҷашнвораи ибодатӣфарҳангӣ ва барномаи рушди маънавӣ ва такофули иҷтимоӣ буда, ба маънои изҳори сипос ва шукргузорӣ аз неъмати анҷоми фаризаи илоҳӣ, намоиши мазҳари ҳамбастагии динӣ ва таҳкими пайвандҳои имонӣ дар миёни қишрҳои ҷомеа аст. Ид таҷаллии робитаи банда бо Худо ва изҳори иноёти бепоёни Ў бар мўъминон аст. Бинобар ин, он бо чорабиниҳои ибодатӣ – додани садақаи Фитр ва баргузории намоз дар рўзи иди Фитр ва баргузории намози ид ва забҳи қурбонӣ дар рўзи иди Қурбон – оғоз ва бо табрику шодбоши якдигар ва зиёрати хешону наздикон хотима меёбад.
Чӣ тавре мушоҳида мешавад, дини мубини Ислом дар рўзҳои ид ҳам барномаҳои ибодатӣ-фарҳангӣ ва ҳам чорабиниҳои хурсандӣ ва моидаи неъматҳои моддии Худовандро бо тавозуни дақиқе барои мўъминон пешбинӣ намудааст.
Шахси рўзадор пас аз хотимаи моҳи Рамазон бояд осори тарбиявӣ ва самароти неки онро дар бинои шахсият, раванди худсозӣ ва кору фаъолиятҳои рўзмарраи худ мушоҳида намояд, таҳаввули мусбате дар роҳу рафтор ва мазоҳири зиндагӣ аз худ нишон диҳад ва ҳаётро бо ҷунбу ҷўши дигар, бардоштҳои имонӣ ва нигоҳи тозае аз сар бигирад. Ин ҷост, ки бо рўҳу маъно ва мақбули даргоҳи Ҳақ қарор гирифтани рўзаи худро амалан дарк менамояд.
Пас эй бародари мусалмон ва хоҳари боимон, бикўш, то ҳарчи бештар аз самароти нек ва баракоти маънавии ин моҳ баҳравар гардӣ ва онро бо олитарин натоиҷ ба поён расонӣ! Рўза ҳам баракати умр аст ва ҳам тўшаи охират!.
Рўзае, ки дар қалби шахс пойгоҳи тақворо устувор гардонад, дар пешгоҳи Худованд арзиши бузурге дорад ва чунин рўзадори ботақво ҳамеша мавриди таъйид, навозиш ва иноёти Худо мебошад. Қуръони карим дар ин бора мефармояд: «Худо ҳатман, ҳамроҳи касоне мебошад, ки тақво намудаанд ва касоне, ки онҳо некўкоранд».155
Дар ин манзил зи тақво шодмон шав,
Ба покӣ аз ҳақиқат ҷони ҷон шав!
Дар ин манзил ба тақво дил фурў шўй,
Даруни ҷону дил асрори кул ҷўй!
(Аттор, Ҷавҳаруззот)
Мустадраки Ҳоким, 7394. – Ҷ. 5. – С. 235. Ҳоким исноди онро саҳеҳ ва бар шарти Шайхайн гуфтааст.
154 Сунани Абўдовуд, 1134; Сунани Насоӣ, 1557.
155 Сураи Наҳл, 16: 128.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё