РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа
Қазои эътикофро баъд аз моҳи Рамазон низ мешавад ба ҷой овард.
Як рўз нияти рўза намуда, эътикоф менишинад, зеро дар эътикофи воҷибӣ ва суннатӣ рўза шарт мебошад.
Зан дар вақти эътикоф бояд аз ҳайзу нифос пок бошад.152
Ба истиқболи иди Рамазон
Муборак бод иди рўзадорон,
Накўёни ҷаҳон меҳмонат, эй моҳ!
Ид аз решаи «авд» ба маънои баргашт ва боз омадан ва дар истилоҳ ба он рўзе гуфта шавад, ки ҳама сола дар он фараҳу шодӣ авд кунад – бозояд.
Дар поёни моҳи Рамазон рўзи якуми моҳи шаввол иди фитр мебошад. Мусалмонони рўзадор бо шавқу шўри имонӣ барои истиқболи он рўз омода мегарданд.
Аз воҷиботи динӣ дар он рўз танҳо ду чиз бар онҳо боқӣ мондааст:
Яке додани закоти (садақаи) Фитр ва дигаре баргузории намози бошукўҳи ид. Мусалмонон бо анҷом додани ин ду воҷиби динӣ ба моҳи шарифи Рамазон то соли оянда хайру хуш менамоянд.
Пас аз он ба хонаи дўстону наздикон ва ба дидори якдигар мешитобанд. Дар ин дидорбиниҳо барои қабули тооту ибодоти моҳи мубораки Рамазон дар ҳаққи якдигар дуъоҳои нек ва орзуҳои хайр менамоянд. Худованд дар ҳадиси қудсие мефармояд: «Муҳаббати Ман барои дўстикунандагони дар роҳам, ҳамнишинони дар роҳам, дидорбинандагони дар роҳам ва сарфкунандагони дар роҳам воҷиб гардидааст».153
Дар Ислом аслан ду ид: яке ҳамин иди Фитр ва дигаре иди Азҳо (Қурбон) вуҷуд дорад.
152 Ҳамон сарчашма. – С. 69, 70.
153 Муваттаи имом Молик, 826. – Ҷ. 2. – С. 953; Муснади имом Аҳмад, 21525. – Ҷ. 6. – С. 307; Саҳеҳи Ибни Ҳиббон, 574. – С. 149;

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё