Зеҳн
РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Онҳо ифтор намуда, ба ҷои ҳар рўзи он як мискинро таом медиҳанд. Бинобар ин, он мансух нагаштааст.64 Ба ҳар ҳол, ҳукми ниҳоии Ислом дар ин бора он аст, ки ҷавоне, ки аз гирифтани рўза эҳсоси машаққат ва сахтӣ менамояд, агар бемор ва ё дар сафар набошад, бояд рўзаашро тамом (пурра) намояд, вале пирамарди бемадор метавонад бо таҳаммули сахтӣ рўзаро бидорад ва ё ифтор намуда, ба ҷои ҳар рўзи он як мискинро таом диҳад.

Оғози нузули ваҳй

Худованд дар ояти гузашта рўзҳои башумореро барои рўза зикр намуд ва дар ин оят он рўзҳоро ба таври аниқ муайян месозад. Он моҳи Рамазоне мебошад, ки дар яке аз шабҳои он (шаби Қадр) аз ҷониби Худованд нузули барномаи ҳидояти мардум ва нишонаҳои равшани роҳи рост ва фурқон дар қолаби Қуръон шурўъ гардид.
Он барномаи ҳидоят, нишонаҳои роҳи рост ва фурқон пас аз ибтидои нузулаш дар шаби Қадр дар муддати бисту се сол тадриҷан бар Паёмбар (с) нозил гардид ва иборат аз ҳамин Қуръонест, ки имрўз дар дасти мусалмонон мебошад. Фурқон ба маънои ҷудосозандаи ҳақ аз ботил ва роҳи рост аз бероҳа мебошад ва он яке аз номҳои Қуръон аст. «Моҳи Рамазон (моҳест, ки) дар он Қуръон (барномаи) ҳидояте барои мардум ва нишонаҳо (-и равшан)-е аз роҳи рост ва фурқон – ҷудосозандаи ҳақ аз ботил фиристода шудааст».65 Моҳи Рамазон дар пешгоҳи Худованд аз чунон азамат ва арзиши маънавие бархўрдор аст, ки онро барои нузули барномаи ҳидояти хеш – Қуръони карим баргузидааст ва онро барои бандагони мўъмин ба моҳи хайру баракат, ҷашнвораи солона ва иде табдил додааст.

63 Мисбоҳи мунир, гузидаи тафсири Ибни Касир. – С. 131.
64 Саҳеҳи Бухорӣ, 4505; Сунани Абўдовуд, 2318; Сунани Насоӣ,
2316; Мустадраки Ҳоким, 1648. – Ҷ. 2. – С. 81; Сунани Куброи Байҳақӣ, 8400. – Ҷ. 6. – С. 331; Сунани Дорақутнӣ, 3, 7. – Ҷ. 2. – С . 205.

пешина
аз 190
навбатӣ