Зеҳн
РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Барои ҳамин Расули Худо (с) вақте ба зинаи якуми минбар баромад, «омин» гуфт, вақте ба зинаи дуюм ва сеюм баромад дар онҳо низ омин гуфт. Пурсиданд: Эй Расули Худо (с), чаро «омин» гуфтӣ? Фармуд: Ҷабраил ба наздам омад ва гуфт: «Касе моҳи Рамазонро дарёбад ва барояш мағфират нашавад ва ҳамон тавр бимирад ва ба оташ равад, Худо ўро (аз раҳматаш) дур созад, гуфтам: Омин. Касе падару модараш ва ё яке аз онҳоро дарёбад ва сабаби ба биҳишт рафтанаш нагарданд – ва дар ривояте – ва ба онҳо бо некӣ рафтор накунад ва пас аз марг ба оташ равад, Худо ўро (аз раҳматаш) дур созад, гуфтам: Омин. Ва фармуд: Касе дар назди ў зикр шавӣ ва бар ту салавот (дуруду салом) нафиристад, Худо ўро (аз раҳматаш) дур созад (ва) гуфт: Омин бигў, гуфтам: Омин».66 Қуръони карим дар ин ҷо бо таъбироти зебое хотироти баёдмондании он давра: ҳодисаи нузули ваҳй, даврони рисолати Паёмбар (с), ҷунбуҷўши мусалмонони садри Ислом, фазои маънавӣ ва ҳузури фариштаи ваҳй – Ҷабраили амин (ъ) ва хулоса, сароғози таҳаввули таърихи башариятро дар зеҳни мусалмонон зинда месозад ва ҳамин тавр пайванди имонӣ ва робитаи таърихии онҳоро бо он гузашта таҷдид менамояд.

65 Сураи Бақара, 2: 185.
66 Саҳеҳи Ибни Ҳиббон, 410. – С. 122, 904. – С. 204. Ибни Ҳиббон ривояти аввалро саҳеҳ лиғайриҳи ва ривояти дуюмро ҳасани саҳеҳ гуфтааст. Саҳеҳи Ибни Хузайма, 1888. – Ҷ. 3. – С. 192, 193. Исноди онро хуб гуфтааст. Маҷмаъу-з-завоид, 13409. – Ҷ. 8. – С. 179. Ҳайсамӣ дар «Маҷмаъ» мегўяд: Табаронӣ онро бо иснодҳои гуногун ривоят кардааст, ки яке аз онҳо ҳасан аст. Мўъҷаму-л-авсат, 8131.
– Ҷ. 8. – С. 113; Адаби муфрад, 644, 646. – С. 282, 283.

пешина
аз 190
навбатӣ