Зеҳн
РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Ибтидои фарзшавии рўза

Ҷараёни нузул ва муқаррар гардидани аҳкоми фаризаи рўза ба таври тадриҷӣ сурат гирифтааст ва он пас аз гузаштани чанд марҳала ва ё таҳаввули зина ба зина бар мусалмонон ба шакли ниҳоӣ муайян гардидааст.
Дар ривоятҳои зиёде омадааст, ки вақте ин оят нозил шуд, ҳар касе аз гирифтани рўза эҳсоси машаққат ва сахтӣ мекард, хоҳ пир бошад, хоҳ ҷавон, ифтор намуда, ба ҷои ҳар рўзи он як мискинро таом медод. Ин амр дар ибтидои фарзияти рўза машрўият дошт. Вақте ояти баъдӣ нозил шуд, ҳукми он танҳо дар ҳаққи пирамарди оҷиз ва фонӣ (бемадор) боқӣ монда, барои дигарон мансух гардидааст. Дар Саҳеҳи Бухорӣ ва Муслим аз Ибни Умар (р), Ибни Масъуд (р) ва Салама ибни Акваъ (р) ҳадисҳое ба ҳамин маъно ривоят шудааст.
Дар ривояти Бухорӣ аз Салама ибни Акваъ (р) омадааст: Вақте ояти «Ва бар касоне, ки (рўзаро) бо машаққат мегиранд, ба андозаи таоми як мискин фидя аст» нозил шуд, касе мехост ифтор мекард ва фидя медод, то он ки ояти баъдӣ нозил шуд ва ин ҳукмро бекор кард.61 Бухорӣ дар таъйиди ин маъно ривоят мекунад, ки Анас вақте пир шуд, як сол ё ду сол рўзаи моҳи Рамазонро ифтор намуда, ба ҷои ҳар рўзи он мискинеро бо нону гўшт таом дод.62 Дар ривояти Суддӣ аз Абдуллоҳ омадааст: Вақте ояти «Ва бар касоне, ки бо сахтӣ рўза медоранд, …» нозил шуд, касе мехост, рўза медошт ва касе мехост, ифтор мекард ва (ба ҷои он) мискинеро таом медод. «Ва касе бештар хайр намояд, яъне бо таом додани мискини дигаре, он барояш беҳтар аст ва рўза доштан бароятон (аз ифтор) беҳтар аст». Онҳо бар ин ҳол буданд, то он ки ояти «Пас касе аз шумо моҳро шоҳид гардад, рўзаи онро бидорад» нозил шуд ва ҳукми ояти қаблиро бекор кард.63 Аммо Бухорӣ дар ривояти дигаре аз Ибни Аббос (р) овардааст, ки ин оят аслан дар бораи марду зани солрафтае нозил шудааст, ки гирифтани рўза барояшон ба сахтӣ муяссар мегардад.

61 Саҳеҳи Бухорӣ, 4507; Саҳеҳи Муслим, 2680 (1145)-149, 2681-150; Сунани Абўдовуд, 2315; Сунани Тирмизӣ, 798; Сунани Насоӣ, 2315.
62 Саҳеҳи Бухорӣ, ба сурати таълиқ пеш аз ҳадиси 4505.

пешина
аз 190
навбатӣ