Зеҳн
РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан
  1. Имола (клизма) кардан

Имола (клизма) барои шустан ва табобати рўдаҳо ва ҳамчунин барои ташхис намудани беморӣ анҷом дода мешавад. Амалияи имола аслан ба воситаи маҳлулҳои шўянда ва миқдоре моеъот анҷом дода мешавад, ба ин тариқ, ки он аз роҳи қафо (мақъад), ки бевосита ба рўдаи рост пайваст мебошад, ворид карда мешавад ва аз он ҷо ба рўдаи ғафс меравад.
Хўрок дар рўдаҳои борик ҳазм мегардад ва вақте ба рўдаи ғафс меояд, дар он ҷо об, қисме аз намакҳо ва глюкозаи таркиби он ҷабида мешавад. Дар амалияи имола (клизма) низ рўдаи ғафс баъзе маводи таркиби маҳлулро меҷабад. Бинобар ин, бо имола кардан, яъне шустани рўдаҳо ба воситаи маҳлулҳои шўянда рўза фосид мешавад ва танҳо қазо лозим меояд.

11.Гузоштани шиёф ва ғайра дар мақъад

Гузоштани шиёф201 дар мақъад рўзаро фосид мекунад, вале гузоштани пахтапора, фатила ва ғайра дар мақъад, агар тарафе аз онҳо дар берун боқӣ монда бошад,
рўзаро намешиканад, вале агар комилан ба дохили мақъад даромада бошанд, рўза фосид мешавад. Гузоштани
ин чизҳо дар фарҷи зан низ ҳамин ҳукмро дорад.202

  1. Шустан ва ташхиси масона

Бо ворид кардани дастгоҳи найчаӣ ба масона (пешобдон) барои ташхиси дохилӣ вақте як сари он дар берун бошад, рўза намешиканад. Шустани масона ба воситаи маҳлулҳои шўянда рўзаро фосид мекунад, зеро ба андешаи фақеҳон дар гузашта аз масона ба сўи шикам манфазе вуҷуд дорад.
Тибби муосир бошад, собит намудааст, ки дар байни масона ва шикам ҳеҷ манфазе вуҷуд надорад. Бинобар ҳамин дидгоҳи нави анатомӣ Маҷмаи фиқҳи исломӣ шустани масонаро шиканандаи рўза надонистааст, ҳамчунин ворид кардани маводеро, ки ҳолати нурҳои ташхиси дохилиро равшантар месозанд, ҷоиз донистааст.

201 Шиёф -/ҳо/. тиб: моддаи доруии ҷомиде мебошад, ки маъмулан аз маводи равғанӣ ва ба шакли махрут (дарозрўя) сохта мешавад ва пас аз гузоштан дар мақъад бар асари ҳарорати бадан об ва таркиботи доруии он дар рўдаи рост ҷабида мешаванд. Шиёф ва дигар ашёи табобатиеро, ки дар мақъад гузошта мешаванд, аксаран барои табобати бемориҳои бавосир ва дигар дардҳои мақъад ва ё барои таскини дард ва паст кардани ҳарорати таб истифода мебаранд. Онро ба арабӣ таҳмила ва лабус, ба англисӣ suppository (суппозиторий) ва ба русӣ свеча мегўянд.
202 Фиқҳи исломӣ. – Ҷ. 3. – С. 1708.

пешина
аз 190
навбатӣ