Зеҳн
РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Фақеҳони киром ин масъаларо бо қиёс ба кашидани сурма истинбот намудаанд. Ривоят шудааст, ки: «Паёмбар (с) дар моҳи Рамазон сурма кашид, дар ҳоле ки рўзадор буд».199 Илова бар ин, доруе, ки дар чашм чаконида мешавад, бо суръат ва пеш аз расидан ба ҳалқ дар қабатҳои дохили чашм ҷабида мешавад. Таҳқиқоти тибби муосир низ назари фақеҳонро дар ин маврид таъйид менамояд.

  1. Чаконидани дору дар бинӣ

Чаконидани дору дар бинӣ дар аксари ривоятҳо шиканандаи рўза дониста шудааст, вале он ду ҳолат дорад, ки ҳар кадоми онҳо тафсил ва ҳукми хосе дорад.
Зеро сўрохи бинӣ бевосита ба коми даҳон ва ҳалқ пайваст мебошад.
а) Агар дору аз бинӣ ба ҳалқ ва пас аз он ба меъда бирасад, бо иттифоқи тамоми фақеҳони мазҳаб рўзаро фосид месозад, вале агар он ба андозае бошад, ки дар патҳо ва нармии бинӣ ҷабида шавад ва ё вақте ба ҳалқаш расид, онро ба берун афканад, рўзааш бо иттифоқ фосид намешавад.
б) Аммо агар онро аз даҳонаш наафканд, вале аз ҷиҳати камӣ ба расидани он ба шикамаш низ яқин надошта бошад, дар ин сурат ба қавли имом Абўҳанифа (рҳ) рўзааш фосид мешавад ва ба қавли Имомайн фосид намешавад.200

199 Сунани Ибни Моҷа, 1678. Ҳадисро аз Оиша (р) ривоят кардаанд ва онро дар «Фиқҳи исломӣ» заъиф гуфтааст. Фиқҳи исломӣ. – Ҷ. 3.
– С. 1710.
200 Имом Абўлҳусайн Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Аҳмади Бағдодӣ маъруф ба Қудурӣ, Мухтасари Қудурӣ. – С. 191, 192. Карочӣ:
Дору-л-бушро, 1429 ҳ. (2008). Минбаъд: Мухтасари Қудурӣ.

пешина
аз 190
навбатӣ