Зеҳн
РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Вале амал кардан ба назароти фиқҳии ҷумҳури аҳли суннат авлотар аст, зеро дар онҳо ҷанбаи эҳтиёт дар ибодат бештар мавриди назар қарор гирифтааст.

  1. Ташхиси меъда ба василаи дастгоҳ (эндоскопия)

Ташхиси меъда ва рўдаҳо ба василаи дастгоҳи эндоскоп,198 ки аз роҳи даҳон ба он ҷо ворид карда мешавад, аз назари мазҳаби ҳанафӣ вақте ба он равған ва ё маҳлулҳои тиббӣ ва химиявие молида нашуда бошад, рўзаро намешиканад. Зеро ворид шудани чизе ба меъда вақте шиканандаи рўза мебошад, ки ба таври пурра дохили он гардад. Аммо агар миқдоре аз он ба меъда дохил шавад ва миқдоре дар берун боқӣ монад ва ё як сараш ба меъда дохил шавад ва сари дигараш дар берун бошад, рўзаро фосид намесозад.
Вале агар ба он равған ва ё дигар маҳлулҳои химиявӣ ва доруӣ молида шавад ва ё ба воситаи он ба захм ва ё ҷои дардманди меъда ва рўдаҳо доруе рехта шавад, дар он сурат рўза фосид мегардад.

198 Эндоскоп -/ҳо/ [andoskop]. тиб: Асбоб ва ё дастгоҳи муоинаи маҷроҳо ва ковокиҳои даруни бадан аст, ки бо шаклҳои гуногун сохта шуда, дорои лулаи резинӣ (шланг), манбаи рўшноидиҳанда ва таҷҳизоти дарунбин аст.
Эндоскопия равиши муоина ва ташхиси ҳолати маҷроҳо ва узвҳои дохили бадан аст, ки ба василаи дастгоҳҳои махсус ва гуногунсохти эндоскоп ҳосил мешавад, ба монанди бронхоскопия, ки роҳи нафас ва шушҳо бо он муоина мешаванд, гастроскопия, ки ковокии меъда бо он муоина мешавад ва перитонеоскопия (торакоскопия), ки ковокии шикам ва пардаи холии болои шуш бо он муоина мешавад.

пешина
аз 190
навбатӣ