РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа
Дуюм, он аст, ки дар натиҷаи ҳаракати амалие, ба монанди бўсў канор, истимно ва ғайра инзол шавад, дар ин ҳолат рўзааш фосид мешавад ва бар вай танҳо қазо воҷиб мегардад. Вале дар ҳар ду сурат ғусл бар вай воҷиб мегардад.
22. Агар бо зўр ва ба таври маҷбурӣ рўзона дар моҳи Рамазон бо зане амали муҷомаат (ҳамбистарӣ) анҷом дода шавад ва ё дар ҳолати хоб ва ё девонагиаш бо вай чунин амале анҷом дода шавад, рўзаи зани мазкур фосид мешавад ва бар вай танҳо қазо лозим аст, на каффорат. Агар мард ҳам рўзадор бошад, бар вай қазову каффорат ҳар ду лозим мегарданд.
23. Шахсе бо кашидани чилим, банг ва дигар маводи масткунанда одат дошта бошад ва аз рўи одат дар моҳи Рамазон чилим кашад, рўзааш фосид мешавад ва қазову каффорат ҳар ду бар вай воҷиб мегарданд.
24. Агар шахси муқиме баъд аз нияти рўза мусофир гардад ва пас аз миқдоре роҳ рафтан ба ёдаш биояд, ки чизе аз васоили сафарашро фаромўш кардааст, вақте барои гирифтани он ба хона баргардад ва дар хона рўзаашро хўрад, қазову каффорат ҳар ду бар вай воҷиб мешаванд.
25. Дар вақти обгардон кардани даҳон дар ғуслу вузў ҳангоми рўза бояд эҳтиёт намояд ва дар он зиёдаравӣ ва муболиға нанамояд, то обе ба ҳалқаш фурў наравад. Ривоят шудааст, ки марде гуфт: Эй Расули Худо (с), маро дар бораи вузў хабар деҳ, фармуд: «Вузўро ба таври комил анҷом бидеҳ ва миёни ангуштонро хилол кун ва дар истиншоқ муболиға намо, магар ин ки рўзадор бошӣ».197
197 Сунани Абўдовуд, 142; Сунани Тирмизӣ, 788; Сунани Насоӣ, 87; Сунани Ибни Моҷа, 407.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё