РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа
Фурў бурдани дуд188 аз бўидани бўй189 фарқ дорад ва фақеҳони киром ба шикастани рўза дар ҳолати аввал ва нашикастанаш дар ҳолати дуюм ҳукм кардаанд.
7. Бо фурў бурдани оби даҳон чӣ миқдоре бошад, рўза фосид намешавад, вале ҷамъ карда фурў бурдани он кароҳият дорад.
8. Дар вақти обгардон кардани даҳон (мазмаза), агар ба нохост ҳалқашро ғарғара кунад ва миқдоре об ба ҳалқаш фурў равад, дар сурате ки рўза дар ёдаш бошад, рўзааш фосид мешавад. Дар ин маврид танҳо қазо биёварад ва каффорате бар вай воҷиб намегардад.
9. Агар шахси рўзадорро беирода қай омад, хоҳ кам бошад, хоҳ зиёд, рўзааш фосид намешавад, вале агар қасдан қай кунад, дар сурате ки кам бошад, рўзааш фосид намешавад, вале агар ба миқдори пуррии даҳон бошад, рўзааш фосид мегардад ва қазо лозим меояд, на каффорат, ҳамон гуна ки дар ин бора гузашт.
Расули Худо (с) мефармояд: «Касе дар ҳолати рўза қай бар вай ғолиб ояд, бар вай қазое (воҷиб) намегардад ва аммо касе (бо зўрӣ) қай намояд, бояд қазо (-и он рўзро) ба ҷой оварад».190 10. Рўзадоре рўзона нос кашад, ё дар гўшаш равғани бодом резад ва ё дар мақъадаш шиёф (доруи ҷомид) ниҳад, дар тамоми ин суратҳо рўзааш фосид мешавад ва қазо лозим меояд, на каффорат, ҳамон гуна ки зикр шуд. Вале агар дар гўшаш об дарояд, рўзааш фосид намешавад.
188 Дуд моддаи ҳавоӣ (газӣ)-и ғафс ва сиёҳранге аст, ки аз сўхтани ашёи карбондор ба вуҷуд меояд ва ба сабаби вуҷуди зарраҳои сахти зуғол (угл) дар таркибаш одам ранг, бўй ва таъм (мазза)-и онро бо ҳавосаш дарк менамояд.
189 Бўй зарраҳои хурди чизҳои бўдор аст, ки ба сурати рақиқе дар таркиби ҳаво паҳн мешаванд ва одам ба ҷуз бўй дигар чизе аз онро дарк намекунад.
190 Сунани Абўдовуд, 2380; Сунани Ибни Моҷа, 1676; Мустадраки Ҳоким, 1597. – Ҷ. 2. – С. 60. Ҳадис аз Абўҳурайра (р) ривоят шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё