Зеҳн
РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Дар тамоми мавридҳое, ки шахс рўзаи моҳи Рамазонро ба гунае фосид намуда ва бар вай қазо ва ё қазову каффорат воҷиб гардидааст, ба хотири эҳтироми моҳи Рамазон ва ҳамсозӣ бо мусалмонони рўзадор бақияи он рўз аз хўрдану нўшидан имсок менамояд.
Шахсе ба гумони ин ки субҳ ҳанўз надамидааст, ба саҳархўрӣ идома диҳад ва баъд маълум шавад, ки субҳ кайҳо дамидааст ва ё ба гумони ин ки офтоб нишастааст, ифтор намояд, вале маълум гардад, ки офтоб ҳанўз нанишастааст ё мусофире, ки рўзаашро ифтор намудааст, рўзона дар моҳи Рамазон муқим гардад ё беморе, ки рўзаашро ифтор намуда, шифо ёбад ва ё зани дар ҳоли ҳайз ва ё нифос пок гардад, дар тамоми ин суратҳо бақияи рўз аз хўрдану нўшидан имсок менамояд ва қазои он рўз низ бар вай воҷиб мебошад.
Кўдаке рўзона дар моҳи Рамазон ба балоғат расад ва ё кофире мусалмон шавад, онҳо низ бақияи он рўзро имсок менамоянд, вале қазои он бар онҳо воҷиб нест.
Дар бораи воҷиб ва ё мустаҳаб будани имсок дар мавридҳои номбурда дар миёни фақеҳон назароти гуногун вуҷуд дорад. Баъзеҳо онро воҷиб ва баъзеҳо мустаҳаб медонанд, вале назари умумии мазҳаб ба вуҷуби он наздиктар аст.

Тазриқи сўзандору дар моҳи Рамазон

Ҳар чизе ки баёнгар ва ба бороварандаи тандурустӣ, нашот ёфтан ва қувват гирифтани бадан бошад ва аз роҳҳои ҳақиқӣ (табиӣ), яъне ҳалқу бинӣ вориди меъда ё шикам ва ё мағз (димоғ) гардад, муфсиди (шиканандаи) рўза мебошад ва дар сарчашмаҳои шаръ баён шудааст, ҳатто дору ва маҳлулҳои тиббие, ки аз роҳи махраҷ ба рўдаи ғафс ва дигар рўдаҳо ворид карда мешаванд, аз қабили имола (клизма) ва шиёф, назди ҷумҳури мазоҳиб рўзаро мешикананд.

пешина
аз 190
навбатӣ