Зеҳн
РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Ё шахси рўзадор дар ҳолате қарор дошта бошад, ки аз фурў рафтани он ба ҳалқаш пешгирӣ карда натавонад, ин ҳукми он қайеро дорад, ки худ ба худ ва бе ихтиёри шахси рўзадор ба ҳалқаш рафтааст.
13. Гузоштани дору ва молидани марҳам (маз) бар захме, ки ба димоғ (мағзи сар) ва ё ба меъда расида бошад, рўзаро мешиканад. Захмҳое, ки дар сар ба мағзи сар расида бошанд, онҳоро дар истилоҳи фақеҳон омма ва захмҳое, ки дар шикам ба меъда расида бошанд, ҷоифа мегўянд.179 Вале захмҳое, ки дар сар ва шикам набошанд ва ё агар бошанд ҳам, чунин амиқ (ҷуқур) набошанд, бо гузоштани дору ва табобат кардани онҳо рўза намешиканад.
Ҳамчунин гузаронидани баъзе амалиётҳои тиббӣ, вақте бевосита ба димоғ (мағзи сар) ва меъда сару кор надошта бошанд ва таъсири бевоситаи доруҳои истифодашуда ба онҳо нарасад, ҳеҷ гуна нақси шаръие ба рўза ворид намесозад.
14. Рўзаро тамоман нагирифтан гуноҳи кабира ба шумор меравад, зеро шахс дар ин сурат яке аз фарзҳои Худоро тарк намудааст ва бар вай қазо воҷиб мегардад, на каффорат. Зеро каффорат, чӣ тавре зикр гардид, барои қасдан вайрон намудани рўзаи моҳи Рамазон бо ҳамбистарӣ ва хўрдану нўшидан пешбинӣ шудааст.

Имсок

Имсок дар луғат ба маънои бозистодан ва худдорӣ кардан аст ва дар истилоҳи шаръ ба маънои бозистодан аз хўрдану нўшидан дар идомаи рўзе аст, ки рўзаи онро ба гунае фосид намудааст.

179 Омма ва ё маъмума ба он захм ва ҷароҳате гуфта мешавад, ки ба мағзи сар расида бошад. Дар забони арабӣ мағзи сарро уммурраъс мегўянд ва вожаи омма аз решаи умм ба ҳамин маъно гирифта шудааст. Ҷоифа аз решаи ҷавф гирифта шуда, ба маънои захм ва ҷароҳате аст, ки ба ҷавф – шикам (меъда ва рўдаҳо) расида бошад.

пешина
аз 190
навбатӣ