Зеҳн
РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Ашке ду-се имрўз дар ин буқъа фурў бор,
К-андар чамани умри ту з-ин беҳ матаре нест!
(Саноии Ғазнавӣ, Девони ашъор, 30)

Мафҳум ва моҳияти рўза

Рўзаро дар забони арабӣ «савм» (موص) мегўянд, ки дар луғат ба маънои мутлақи бозистодан ва худдорӣ намудан аст ва дар ин сурат ба маънои бозистодан аз хўрдану нўшидан, аз сухан гуфтан, аз роҳ рафтан ва ғайра ба кор бурда мешавад.11 Вожаи «савм» дар ояти 26-уми сураи Марям ба маънои худдорӣ аз сухан гуфтан омадааст, он ҷо ки мефармояд: «… (Эй Марям) агар касеро аз башар бинӣ, (ба вай) бигў: Ман барои (Худои) Раҳмон савмеро (бар худ) назр намудам, пас имрўз ба ҳеҷ одам (кас)-е сухан нахоҳам гуфт».
Аммо дар истилоҳи шаръ «савм» (рўза) ба маънои рўзона аз дамидани субҳи содиқ то фурў рафтани офтоб аз хўрдану нўшидан ва ҳамбистарӣ худдорӣ намудан, яъне амалан аз хостаҳои шикаму фарҷ ва ҳар чизи махсуси дигаре, ки ба шикам ворид мегардад, дар он муддати муайян худдорӣ намудан аст.

Аз таому шароб дур шудан,12
В-аз ҳама хўрданӣ нуфур шудан.

11 Ибни Манзур, Лисону-л-араб. – Ҷ. 4. – С. 2530. Минбаъд: Лисону-л-араб.
Роғиби Исфаҳонӣ, Муфрадоту алфози-л-Қуръон. – С. 500, зайли моддаи: савм. Минбаъд: Муфрадот.
Умар ибни Абдулазиз ибни Мозаи Бухорӣ, Шарҳи Ҷомеъу-с-сағир. – С. 228. – Бейрут. Минбаъд: Шарҳи Ҷомеъу-с-сағир.
12 Дар нусхаҳои мавҷудаи мо дар мисраи аввал «Аз таому…) омадааст, ки мисраи дуюм: «Ва-з ҳама хўрданӣ нуфур шудан» шарҳ ва такрори он ба шумор меравад, вале дар чопи Зоҳидон «Аз ҷимоъу шароб дур шудан» омадааст, ки якҷоя бо мисраи дуюм хостаҳои фарҷ ва шикам ҳардуро дар бар мегирад.

пешина
аз 190
навбатӣ