Зеҳн
РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Хитоби он давраҳо бештар бо «Ё айюҳа-н-носу» (Эй мардум) оғоз мешуд. Ин яке аз ҷанбаҳои эъҷози баёни Қуръон аст, ки шеваи гуфтораш мутаносибан сатҳҳои гуногуни рушди эътиқодӣ ва иҷтимоии мардумро бо расотарин калимот баён менамояд.
Қуръон дар оғози ояти фарзияти рўза мусалмононро бо садои дилнишини: «Эй бандагони мўъмин» ва «Эй касоне, ки имон овардаед» хитоб намудааст, ки он баёнгари омодагии ҳамаҷонибаи мусалмонони садри Ислом барои қабули фаризаи рўза ва истиқболи моҳи мубораки Рамазон мебошад. Сатҳи баланди омодагии равонӣ ва нузҷ (расиш)-и маърифатҳои динӣ дар ҳаёти мусалмонони он рўзгор дар ифодаҳои оятҳое, ки дар бораи фаризаи рўза ва таҳаввулоти такомулии зина ба зинаи мусалмонон сухан мегўянд, ба хубӣ мушоҳида мегардад. Бинобар ин, мусалмонон бояд бо пайравӣ аз гузаштагони неки ин уммат худ ва хонаводаи хешро барои истиқболи ҳамаҷонибаи моҳи мубораки Рамазон пешакӣ омода созанд ва кўшиш намоянд, ки аз баракоти бепоёни Худованд дар ин моҳ ҳарчи бештар баҳраманд гарданд.

Эй моҳи сиём, арчи маро худ хатаре нест,
Ҳаққо, ки маро ҳамчу ту меҳмон дигаре нест!

Аз дарди ту, эй рафта ба ногаҳ зи бари мо,
Як зовияе нест, ки пурхун ҷигаре нест!

Он кист, ки аз баҳри ту як қатра биборид,
К-он қатра кунун дар садафи дин гуҳаре нест!

Он дил, ки ҳаметарсад аз шўълаи оташ,
Валлоҳ, ки ба ҷуз рўза мар ўро сипаре нест!

Эй дода ба бод ин маҳи бобаркату бохайр,
Моно, к-ит аз ин оташ дар дил шараре нест.

Бисёр касо, к-ў бар иде чу ту май хост,
Имрўз ҷуз аз ҳасрат аз онаш самаре нест.

пешина
аз 190
навбатӣ