Зеҳн
РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Албатта, бозистодан аз анҷоми хостаҳои шикам ва фарҷ намуди зоҳирӣ ва қолаби шаръии ин ибодатро ташкил медиҳад ва набояд талошҳои бандаи мўъмин дар шаклан ба ҷой овардани он маҳдуд гардад, балки кўшиш намояд, ки худро ба моҳият, ҳадаф ва мўҳтавои он бештар наздик созад.
Нест дар ҳукми шаръ агар донӣ,
Рўза ҷӯз қаҳри нафси шаҳвонӣ.13

Рўза яке аз рукнҳои панҷгонаи бинои Ислом буда, тоати бериё ва беолоиши Парвардигор ба шумор меравад. Зеро он ибодати бешакл ва холӣ аз қолаби берунист, то зоҳиран ба риё ва худнамоӣ наздик бошад. Даҳони хушкида ва синаи тафсони рўзадорро танҳо Худо ва худаш медонад. Пас шахси рўзадор дар ният ва рафтор низ бояд худро аз ҳаракатҳои риёомез дур дорад.
Тоатест, ки Худованд дар ивази он савоби бениҳоят барои бандааш ато мефармояд ва ҳамон гуна ки он ибодати безоҳир аст, Худованд низ подоши онро дар нафсаш ваъда намудааст. Паёмбари акрам (с) дар бахше аз ҳадиси қудсӣ мефармояд: «…Худованд гуфт: Магар рўза, ки он барои Ман аст ва Ман подоши онро хоҳам дод, зеро рўзадор шаҳвату таомашро барои Ман тарк намудааст…».14 Тоатест, ки аҳли худ, яъне рўзадоронро аз дари хосе вориди биҳишт мегардонад. Паёмбар (с) мефармояд:
«Дар биҳишт дарест, ки онро «Райён» (шодоб) номанд.
Рўзи қиёмат рўзадорон аз он дар вориди биҳишт мегарданд ва ғайр аз онҳо касе ҳаққи ворид шудан аз он дарро надорад. Нидо мешавад: Рўзадорон куҷояд? Аз ҷой бармехезанд ва ғайр аз онҳо касе аз он дар дохил намешавад.

13 Ҳикмат ва фалсафаи рӯза аз сӯи шаръ тарбияи ботини инсон аст, ки он бо тазкияи нафс, костани шиддати ғаризаҳои шаҳвонӣ ва майлҳои нафсонӣ ва парвариши рӯҳиёти нек ҳосил мешавад.
14 Саҳеҳи Муслим, 2701 (1151)-164. Ҳадисро аз Абўҳурайра (р) ривоят кардааст. Ба ин маъно ҳадисҳои дигаре низ дар Саҳеҳи Бухорӣ (1904) ва Саҳеҳи Муслим (2699 (1151)-161, 2700 (1151)-163) ривоят шудааст.

пешина
аз 190
навбатӣ