Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Дар ҷадвали №6 таснифоти тамоми кишварҳои аъзои Бонки ҷаҳонӣ бо аҳолии бештар аз 30 ҳазор нафар оварда шудааст. Кишварҳо дар асоси нишондиҳандаҳои МММ ба ҳар сари аҳолӣ дар соли 1999 бо усули методологияи "Атлас"-и Бонки ҷаҳонӣ ба гурӯҳҳои даромаднокӣ тақсим карда шудаанд.
Дар ин асос давлатҳои ҷаҳон вобаста ба сатҳи даромаднокӣ ба гурӯҳҳои зерин тақсим мешаванд:
• давлатҳои дорои сатҳи пасти даромаднокӣ то 760 доллари ШМА - 62 давлат;
• давлатҳои дорои сатҳи миёнаи даромаднокӣ, ки онҳо дар навбати худ ба ду гурӯҳ тақсим карда мешаванд:
а) давлатҳои сатҳи даромаднокиашон пасттар аз сатҳи миёна аз 761 то 3030 доллари ШМА - 57 давлат;
б) давлатҳои сатҳи даромаднокиашон баландтар аз сатҳи миёна - аз 3031 то 9360 доллари ШМА - 37 давлат;
• давлатҳои дорои сатҳи баланди даромаднокӣ - аз 9361 доллари ШМА боло:
а) гурӯҳи давлатҳои Ташкилоти Ҳамкории Иқтисодӣ ва Тараққиёт (ОЭСР) - 23 давлат;
б) давлатҳои дигар - 32 давлат.
Ҳамин тариқ, мувофиқи меъёрҳои дар боло зикргардида ба гурӯҳи давлатҳои дорои дараҷаи баланди даромад ба ҳар сари аҳолӣ бештар аз 9360 доллар Бонки ҷаҳонӣ тамоми давлатҳои Европаи Ғарбӣ, ШМА, Канада, Япония, Австралия, Зеландияи Нав, Кореяи Ҷанубӣ (аз соли 1997) ва аз давлатҳои Африкаи Шарқӣ ва Ҷанубӣ - Реюнон, Африкаи Шимолӣ - Малта, аз Шарқи Наздик - Исроил, Кувайт, Қатар, Аморатҳои Муттаҳидаи Араб, аз кишварҳои дигари Европа - Словения, Андорра, Гренландия, Кипр, Лихтенштейн, Монако, ҷазираҳои Норманд, ҷазираҳои Фарер, аз Осиёи Шарқӣ ва минтақаи Уқёнуси Ором - Бруней-Доруссалом, Гонконг/Хитой, Гуам, Макао, Каледонияи Нав, ҷазираҳои Мариани Шимолӣ, Сингапур, Тайван, Хитой, Полинезияи Франция, аз Америка - Аруба, ҷазираҳои Багам, ҷазираҳои Бермуд, ҷазираҳои Виргин, ҷазираҳои Кайман, Мартиника, Антиллии Нидерландия, Гвинеяи Францияро дохил намудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё