Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

в) ҳиссаи саноати коркард дар ҳаҷми умумии истеҳсолот на
бештар аз 10%;

г) истеҳсоли қувваи барқ камтар аз 100 кВТ/соат дар як сол;

д) 90-95%-и содиротро ашёи хом ташкил менамояд;

е) асоси воридотро маводи озуқа, доруворӣ ва кӯмакҳои башардӯстона ташкил менамояд. Ҳиссаи маҳсулоти гӯшт дар ратсиони (вояи) хӯроки аҳолии ин давлатҳо ҳамагӣ 10%-ро ташкил менамояд. Ба ин гурӯҳ 40 давлат - Афғонистон, Бангладеш, Бенин, Бутан, Буркина-Фасо, Ботсвана, Бурунди, Кабо-Верде, ҶАҶ, Чад, Ҷазираҳои Комор, Эфиопия, Гамбия, Гвинея, Гаити, Лесото, Малави, Мали, Непал, Нигер, Руанда, Самоаи Ғарбӣ, Сомалӣ, Судон, Лаос, Уганда, Танзания, Яман, Камбоҷа, Мянма, Гвинея-Бисау, Мавритания, Мозамбик, Сиерра-Леоне, Того, Гвинеяи Экваториалӣ бо шумораи 1,5 млрд. нафар аҳолӣ дохил карда мешаванд.

Бонки ҷаҳонӣ соли 2001 дар маҷаллаи солонаи худ "Дар остонаи асри XXI", таснифоти давлатҳоро аз рӯи сатҳи даромаднокӣ мувофиқи минтақаҳо пешниҳод намудааст.

Ба сифати критерияи асосии таснифоти кишварҳо дар ин маҷалла бо мақсадҳои операсионӣ ва таҳлилӣ маҷмӯи маҳсулоти миллӣ ба ҳар сари аҳолӣ истифода гардидааст. Кишварҳо ба кишварҳои дорои сатҳи пасти даромад, дорои даромади миёна (ду зергурӯҳ бо даромади пасттар ва баландтар аз миёна) ва сатҳи баланди даромад тақсим карда шудаанд. Кишварҳо ҳамчунин аз рӯи чунин нишонаҳо ба монанди мавқеи географӣ, ҳаҷми содирот ва ҳаҷми андозаи қарзи хориҷӣ тасниф шудаанд.

Кишварҳои дорои сатҳи паст ва миёнаи даромад баъзан кишварҳои рӯ ба инкишоф номида мешаванд. Ин истилоҳ танҳо аз нуқтаи назари мувофиқати бештар доштан истифода мегардад. Онро тавре набояд фаҳмид, ки тамоми кишварҳои ба ин гурӯҳ дохилшаванда якхела тараққӣ мекунанд ё баъзеи ин кишварҳо ба дараҷаи баландтар ё баландтарини тараққиёти худ нисбат ба дигар кишварҳо расидаанд. Таснифоти кишварҳо аз рӯи сатҳи даромад на ҳамеша сатҳи тараққиёти онҳоро нишон медиҳад.

пешина
аз 785
навбатӣ