Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
нишондиҳанда дар Ветнам ҳамагӣ 300 кВт/соат, дар Хитой 500 кВт/соат ва дар Федератсияи Россия 5200 кВт/соат рост меояд.
Дар номгӯи молҳои содиротии ДИГ афзалияти ҳаҷми ашёи хом ва молҳои нимтайёр мунтазам мушоҳида карда мешавад. Ҳаҷми ночизи молҳои тайёри ин гурӯҳи давлатҳо бо нишондиҳандаҳои нисбатан пасти худ бо молҳои дар давлатҳои ДДБС ва ДНС истеҳсолгардида рақобат карда наметавонанд. Дар номгӯи воридоти ин давлатҳо бештар молҳои тайёри истеҳсоли ДДБС ва ДНС мушоҳида карда мешаванд. Давлатҳои тараққикардаи ҷаҳони капиталистӣ бо мақсади нигоҳ доштани ҳудуди давлатҳои ДИГ ба сифати бозори азими фурӯши мол доимо аз содир намудани воситаҳои техникии ҳозиразамон ба ин давлатҳо худдорӣ менамоянд. Даҳсолаҳои охири асри ХХ дар содироти давлатҳои ҷаҳони капиталистӣ тамоили нав - содироти маводи ғизоӣ хеле авҷ гирифт.
Меъёри хароҷоти вобаста ба таъмини пешрафти маориф ва илм барои ин гурӯҳи давлатҳо дар ҳаҷми 2%-и ММД муайян карда шудааст.
Бо сабаби таъсиси сохтори нави андозситонӣ ва номукаммал будани қонунгузории он, ҳамагӣ аз панҷ як ҳиссаи даромади буҷети ин давлатҳо аз ҳисоби андоз пур карда мешавад.
Сол аз сол афзудани шумораи бекорон мушоҳида карда мешавад.
Дараҷаи иҷро накардани ӯҳдадориҳои қабулшуда зиёда аз 20 баллро ташкил менамояд.
Вобаста ба нишондиҳандаҳои дараҷаи коррупсия (фасодӣ) барои ин гурӯҳ сатҳи имрӯзаи нишондиҳандаи Федератсияи Россия бадастоварда меъёри ченак гирифта шудааст. Мувофиқи гурӯҳбандии созмонҳои байналмилалӣ соли 2000 Федератсияи Россия вобаста ба ин нишондиҳанда дар ҷаҳон ҷои 81-умро ишғол менамояд.
Меъёрҳои муайянкунандаи давлатҳои рӯ ба инкишоф
Ба ин гурӯҳ давлатҳо мувофиқи меъёрҳои муайяншуда то 1 январи соли 2000 созмонҳои байналмилалӣ 120 давлати дунёро дохил намудаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё