Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Меъёрҳои муайянкунандаи сатҳи давлатҳои дорои иқтисодиёти гузаранда (ДИГ)
Ба ин гурӯҳ давлатҳои собиқ сотсиалистии Аврупои Шарқӣ, ИДМ, Хитой бо хусусиятҳои хоси иқтисодиёти сотсиалистӣ дохил мешаванд. Дар маърӯзаи роҳбарияти ҳизби коммунисти Хитой доимо таъкид карда мешавад, ки давлати онҳо "давлати рӯ ба инкишофи сотсиалистӣ ба шумор меравад". Аз ин лиҳоз меъёри МММ барои гурӯҳи ДИГ дар асоси нишондиҳандаҳои Хитой дар ҳаҷми 4-4,5 ҳазор доллари амрикоӣ муайян карда шудааст. Пӯшида нест, ки як қисми давлатҳои ин гурӯҳ - Албания, Озарбойҷон, Туркманистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Лаос, Куба, ҶХДК ва Ветнам бо назардошти ба меъёрҳои ин гурӯҳ ҷавобгӯ набуданашон аз тарафи созмонҳои байналмилалӣ ба гурӯҳи давлатҳои рӯ ба инкишоф дохил карда намешаванд.
Сохтори хоҷагии ин давлатҳо дар асл гуногунҷабҳа мебошад. Бо вуҷуди нишондиҳандаи фаъолияти шахсони машғули кори соҳаи кишоварзии ин гурӯҳи давлатҳо дар сатҳи 10-15% муайян шуданаш, дар аксарияти давлатҳои ин гурӯҳ ин нишондиҳанда аз 30 то 50% мушоҳида карда мешавад. Масалан, дар Хитой ин нишондиҳанда 50%-ро ташкил менамояд. Бо назардошти афзалияти бо кор таъмин шудани аҳолӣ дар соҳаи кишоварзӣ меъёри фаъолияти шахсони машғули кор дар соҳаи саноат ин гурӯҳ дар ҳаҷми то 70% муайян карда шудааст. Пӯшида нест, ки давлатҳои номбурда бо сабаби пурра канда шудани робитаҳои иқтисодии дар тӯли зиёда аз ним аср ташаккулёфтаи сохтори сотсиалистӣ дар даҳсолаи аввали соҳибистиқлолӣ бо сабабҳои гуногуни иқтисодию сиёсӣ дараҷаи тараққиёти соҳаҳои истеҳсолоти солҳои 1985-1990-ро таъмин карда натавонистанд. Бинобар ин, дар давраи гузариш бо сабабҳои пурра фаъолият накардани корхонаҳои истеҳсолӣ зиёда аз 15%-и аҳолии давлатҳои ДИГ ба соҳаи тиҷорат ва хизматрасонӣ гузаштанд.
Нишондиҳандаи истеҳсоли солонаи қувваи барқ барои ин гурӯҳи давлатҳо дар ҳаҷми 4-4,5 ҳазор кВТ/соат муайян карда шудааст. Аммо бояд қайд намуд, ки бо вуҷуди дар дараҷаи гуногуни иқтисодӣ қарор доштани давлатҳои ба ин гурӯҳ дохилшуда, ин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё