Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратТаҳсилот
Аз аввал хондан

тӯли солҳои ислоҳоти иқтисодӣ (1979-1995) дар ҳаҷми 181,4 млрд. доллар сармояи хориҷӣ ҷалб намуда бошад, дар солҳои 1995-1998 ҳаҷми он боз 682,89 млрд. доллар зиёд шуд.

Аз соли 1992 инҷониб Тоҷикистон низ ба ҷалби сармояи хориҷӣ шурӯъ намуд. Бо вуҷуди набудани шароити мусоиди сармоягузорӣ (пеш аз ҳама вазъи номӯътадили сиёсӣ, набудани санадҳои меъёрии қонунгузорӣ) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сармояи хориҷӣ ворид гардид. Аввалин корхонаҳои муштарак бо сармояи хориҷии ШМА, Кореяи Ҷанубӣ, Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардиданд. Баъди соли 1995 бо татбиқи як силсила қонунҳое, ки дар баробари таъмини ҳимояи сармояи хориҷӣ, инчунин имтиёзҳои зиёдро пешбинӣ менамуданд, ба ҷумҳурӣ сармояи зиёди хориҷӣ ҷалб карда шуд.

Сармоягузорони хориҷӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд дар роҳбарии корхонаҳо иштирок намуда, қисми муайяншудаи даромади худро озодона аз ҷумҳурӣ интиқол диҳанд. Сармоягузории бевоситаро сармоягузорони хориҷӣ метавонанд бо асъори қобили таддил ё асъори миллӣ ба ҳисоби корхонаҳо ворид намоянд.

Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки аз шаклҳои гуногуни истифодаи сармояи хориҷӣ сармоягузории бевосита фаъолияти кормандони бахши хусусиро тезонида, ба бозори ҷаҳонӣ баромадани онҳоро осон намуда, барои истифодаи технология ва усулҳои нави роҳбарӣ шароит муҳайё менамояд. Дар баробари сармоягузории бевоситаи хориҷӣ дар соли 1995-1996 бо авҷгирии ҷараёни хусусигардонӣ ва саҳомикунонии корхонаҳои истеҳсолӣ дар Тоҷикистон бозори нави коғазҳои қиматнок таъсис дода шуд, ки барои ҷалби сармояи портфелӣ замина гузошт. Дар тӯли панҷ соли охир ҳаҷми сармоягузории портфелӣ зиёда аз 385 млн. долларро ташкил намуд. Аммо бояд таъкид намуд, ки мо то ҳол аз ин манбаи ҷалби сармояи хориҷӣ дуруст истифода бурда наметавонем. Фаъолияти биржаи коғазҳои қиматнок то имрӯз хуб ба роҳ монда нашудааст ва дар баробари ин ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ нест.

пешина
аз 785
навбатӣ