Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Ҷадвали №58
Рейтинги давлатҳо аз рӯи ҳаҷми захираи
сармоягузории хориҷӣ (дар соли 1998, млрд. долл.)

  1. ШМА | 1933.73 | 19. Венесуэла | 113.21
  2. Хитой | 864.29 | 20. Сингапур | 72.18
  3. Бразилия | 862.98 | 21. Колумбия | 66.68
  4. Британияи Кабир | 674.81 | 22. Венгрия | 66.19
  5. Франция | 411.81 | 23. Дания | 63.73
  6. Мексика | 334.26 | 24. Австралия | 61.65
  7. Нидерландия | 333.46 | 25. Австрия | 60.34
  8. Франция | 279.98 | 26. Чехия | 58.85
  9. Аргентина | 250.49 | 27. Швейтсария | 54.88
  10. Шветсия | 194.13 | 28. Филиппин | 49.00
  11. Германия | 187.12 | 29. Норвегия | 35.97
  12. Канада | 165.15 | 30. Япония | 32.66
  13. Таиланд | 147.66 | 31. Ирландия | 29.90
  14. Чили | 138.90 | 32. Россия | 27.64
  15. Малайзия | 132.85 | 33. Зеландияи Нав | 26.57
  16. Корея | 130.69 | 34. Италия | 26.35
  17. Финляндия | 120.29 | 35. ҶАҶ | 13.53
  18. Испания | 113.92 | 36. .... |
    Тоҷикистон | 0,19

Соли 1998 аз ҷиҳати ҳаҷми захираи сармояи хориҷии ҷалбнамуда бо 1933,73 млрд. доллар ҷои аввалро ШМА, ҷои дуюмро бо 864,29 млрд. доллар Хитой ва ҷои сеюмро бо 862.98 млрд. доллар Бразилия ишғол менамуд. Бояд таъкид кард, ки аз давлатҳои тараққинамудаи ҷаҳон Япония бинобар истифодаи сармояи дохилии худ ба ҷалб намудани сармояи хориҷӣ чандон майл надорад. Дар соли 1990-1998 Япония ҳамагӣ дар ҳаҷми 32,66 млрд. доллар сармояи хориҷӣ ҷалб намудааст (Ҷадвали № 58). Далелу рақамҳои дар боло овардашуда гувоҳӣ медиҳанд, ки бо вуҷуди захираҳои азими сармояи озоди худ Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ низ ба ҷалби сармояи бевоситаи хориҷӣ шурӯъ намудааст. Даҳсолаҳои охир аз байни давлатҳои рӯ ба инкишоф дар бобати ҷалби сармояи хориҷӣ Хитой пешсаф аст, ҳар сол ба соҳаҳои гуногуни истеҳсолот ба ҳисоби миёна то 30 млрд. доллар сармояи хориҷӣ ҷалб менамояд. Агар Хитой дар

пешина
аз 785
навбатӣ